Трихологҳо як қатор витаминҳоеро номбар месозанд, ки норасоии он боиси мушкилоти зиёд, аз ҷумла бармаҳал сафед шудани мӯйи сар гашта метавонад.
Витаминҳое, ки ба гурӯҳи В дохил мешаванд, сохт ва афзоиши мӯйро беҳтар месозанд.
Витамини В2
Норасоии витамини мазкур дар равғанин шудани решаи мӯй ва хушкшавии нӯгҳои мӯй ҳувайдо мегардад. Дар таркиби гӯшт, маҳсулоти ширӣ ва нон вуҷуд дорад.
Витамини В3
Норасоии витамини В3 дар барвақт сафед шудани мӯйи сар ва бо душворӣ афзоиш ёфтани он зуҳур меёбад. Дар таркиби ярма (крупа), моҳӣ ва чормағзи заминӣ (арахис) вуҷуд дорад.
Витамини В5
Нишонаҳои норасоии витамини В5 бошиддат рехтани мӯйи сар буда, онро дар таркиби гӯшти мурғ ва зардии тухм пайдо карда метавонед.
Витамини В6
Нишонаҳои норасоии витамини В6 хоришаку сабӯсаки сар, пӯсти хушки сар буда, онро аз таркиби ҷигари гов, банан, чормағз, моҳӣ пайдо кардан мумкин аст.
Витамини В12
Дар сурати норасоии витамини В12 пӯсти сар сахт ба хориш омада, рехтани мӯйи сар ва ҳатто калшавӣ ба назар мерасад. Дар таркиби ҳама гуна гӯшт, маҳсулоти ширӣ ва баҳрӣ дида мешавад.
Витамини В9 (фолиевая кислота)
Дар сурати норасоии витамини мазкур мӯйҳо бо душворӣ афзоиш ёфта, сар сафед мегардад. Дар таркиби афлесун, харбуза, гӯшти гӯсфанд, гӯшти моҳӣ вуҷуд дорад.
Витамини А (ретинол) – мӯйҳои осебдидаро барқарор ва аз нурҳои офтоб ҳифз мекунад. Вале витамини мазкурро бо миқдори муайян истеъмол кардан лозим аст, дар сурати аз ҳад зиёд будани он мӯй бошиддат мерезад. Нишонаҳои норасоии витамини А мӯйҳои беҷону зудшикан ва хушк мебошад. Дар таркиби равғани маска, шибит, фалла, шафтолу, ҷигари гов, панир, қаланфур, ҷаъфарӣ, смородинаи сиёҳ, тухм, сабзӣ, тарбуз, хуч, карам вуҷуд дорад.
Витамин Е – гардиши хунро беҳтар ва масуниятро муътадил месозад. Норасоии он дар рехтану бо душворӣ афзоиш ёфтани мӯй зуҳур меёбад. Дар таркиби марҷумак (речка), зардии тухм, равғани соя, зайтун ва равғани офтобпараст, ҷигари гов вуҷуд дорад.
Витамини С – решаҳои мӯйро ғизо бахшида, рехтани мӯйро пешгирӣ, масуниятро мустаҳкам, гардиши хунро беҳтар менамояд. Нишонаҳояш рехтани бошиддати мӯй аст. Дар таркиби смородинаи сиёҳ, меваҳои ситрусӣ, карами очонидашуда вуҷуд дорад.
Витамини Н (биотин) – барои солимии мӯйҳо ҷавобгар аст. Норасоии он дар рехтани бошиддати мӯй зуҳур меёбад. Дар таркиби чормағз, биринҷ, донаки офтобпараст, нахӯди сабз ва ғалладонагиҳо вуҷуд дорад.