sebiston july new
ВИЛОЯТИ СУҒД: ЗАН МАРДРО КОРД ЗАДУ...
2780


Вақтҳои охир даст ба ҷиноят задани занону духтарон ба як падидаи хеле нангини ҷомеаи мо мубаддал гаштааст.

Занро олиҳаи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат мехонанд, вале гоҳо ин фариштаи муҳаббат рисолати азалии худро фаромӯш карда, даст ба амалҳои бераҳмонаю ваҳшатноке мезанад, ки аз шуниданашон ба тани кас мурғак медамад. Рафтори як зани суғдӣ, ки аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия боздошт гаштааст, далели равшани ин гуфтаҳост.

Вазорати умури дохилии кишвар аз содир шудани як ҷинояти вазнин аз ҷониби зан дар Вилояти Суғд хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, ҳодиса дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба вуқуъ пайваста, санаи 2-август, тахминан соатҳои 23-30-и шаб байни зан ва марди 26-сола моҷаро сар задааст. Дар ҷараёни муноқиша зан бо корд ба мард ҳамла намуда, ба қисмати поёнии шикамаш зарба задааст.

Ҷавонмардро бо захмҳои хуншори корд дар ҳолати вазнин ба бемористон бурданд, нисбати зани бадҷаҳл бошад, бо қисми 1-и моддаи 110-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишти ин қазияи хунин аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД