Пеши чашмони мардро аз қаҳру ғазаб хун гирифта буд. Вай мисли гурги бадхашму гуруснае, ки ҳатто як зарра ҳам ба сайдаш раҳму шафқат надорад, бераҳмона бо сангҳои калон-калон ба сари занаш мезаду мезад...
Зани бечора аввал аз дарди сахт дод гуфта гиря кард, баъд рӯйи замин афтида ба нолиш кардан даромад, вале фиғону гиря ва нолишҳои талхи зани ғарқи хун заррае ҳам ба дили шавҳари ҳайвонсираташ асар намекард, гӯё замони ғуломдорӣ бошад, ҷавонмарди ваҳшитабиат ҳамсарашро бераҳмона ҷазо дода, сангсор менамуд...
Хуни гарм мисли фаввора аз ҷойҳои санг расида ҷӯш зада мебаромад ва ба сару рӯйи зани бадбахт мешориду мешорид, аммо мард ҳамоно занашро ваҳшиёна бо санг мезад.
Шавҳари золим вақте ба худ омад, ки аллакай кор аз кор гузашта, зан дигар намеҷунбид...
Ин ҳодисаи ваҳшатнок рӯзи 17-октябр, тахминан соатҳои 22.30-и шаб дар деҳаи Фароби ноҳияи Спитамен сар зада, байни як марди 45-солаи сокини деҳаи мазкур ва ҳамсари 32-солааш ҷанҷоли оилавӣ ба миён омадааст. Дар пайи моҷарои хонаводагӣ мард бо қаҳру ғазаб занашро кашолакунон ба роҳи оҳан бурда, аввал бераҳмона лату кӯб мекунад ва баъдан сангсор намуда, чанд маротиба бо санг ба сараш мезанад. Ҷавонзан бар асари захмҳои зиёди бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Марди золим бо мақсади пинҳон намудани ҷинояти худ ҷасади ҳамсарашро ба халта андохта ба оби канали «Фарҳод»-и ноҳияи Спитамен партофтааст.
Бино ба маълумоти ВКД марди занкуш қаблан солҳои 2003-2009 бо қисми 3-и моддаи 237 ва моддаи 195-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, вале ба ҷойи ислоҳ шудан, дубора даст ба ҷинояти боз ҳам вазнинтар зад. Айни замн нисбати марди занкуш бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикитсон парвнадаи ҷиноӣ оғз ёфтааст ва дар сурати исбот шудани гуноҳаш 15-20 соли умрашро пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард.
ДИГАР ХАБАРҲОИ ИМРӮЗ: