Arzon march 2024
ВИЛОЯТИ СУҒД: ШАВҲАР ЗАНРО КОРД ЗАД!
2687


Хушунату зӯроварии оилавӣ нисбати занону духтарон аксаран боиси сар задани ҳодисаҳои хеле нохуш ва ғамангез мегардад. Зан ё духтаре ба ҷабру зулми аҳли хонавода тоб наоварда, худкушӣ мекунад, дигарӣ ба дасти шахси наздикаш кушта мешавад, саввумиро шавҳар, бародар ё марди дигаре, ки барояш хеле азиз буд, лагадкӯб мекунад ва ҳатто корд мезанад. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз сар задани боз як ҷинояти дигари хунин дар муҳити оила хубар додааст...

Ин ҳодисаи нохуш дар рӯзи ханда, санаи 1-апрел, тахминан соатҳои 18.40-и бегоҳ дар Вилояти Суғд ба вуқуъ пайвастааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, байни як марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҳамсари 29-солааш ҷангу ҷанҷол сар зада, дар ҷараёни ин моҷаро шавҳар бо корд ба шиками ҳамсараш задааст.

Зан бар асари зарбаи корд ҷароҳати хеле вазнини ҷисмонӣ бардошта, бо захми хуншор ба бемористон интиқол дода шуд.
Айни замон нисбати ин марди муштзӯр бо қисми 1-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД