Arzon march 2024
ВИЛОЯТИ СУҒД: МӮЙСАФЕД ХУНИ ҲАМСОЯРО РЕХТ
2368


“Бузургӣ ба ақл аст, на ба сол” гуфтани халқ беҳуда нест. Афроде ҳастанд, ки умрашон ба ҷое расида бошад ҳам, ҳеҷ ақлашон ба сарашон намезанад. Ин тоифа ба ҷойи фарзандону наберагони худро бо панду насиҳат ба роҳи рост ҳидоят намудан, дар дами пирӣ даст ба амалҳои бехирадона зада, натанҳо ҳаёти худро месӯзанд, балки пайвандонашонро ҳам ангуштнамои мардум месозанд. Далели равшани ин гуфтаҳо рафтори як марди суғдӣ мебошад, ки синну солаш ба 70 дакка хӯрда бошад ҳам, боди ғурури ҷавонӣ аз димоғаш нарафта, даст ба ҷиноят задааст...

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 68-солаи ноҳияи Деваштич бо гумони расонидани зарари вазнин ба саломатии шахси дигар хабар додааст. Ин марди солманд шоми 31-уми декабр, тахминан соатҳои 17.30 дақиқа бо ҳамсояи 35-солааш муноқиша намуда, дар сари қаҳру ғазаб ба шиками рақибаш корд задааст. Ҷабрдидаро бо ҷароҳати хуншор таъҷилан ба бемористон интиқол доданд, мӯйсафеди корд ба дастро бошад, ҳомиёни қонун пешандоз карда бурданд.

Дар сурати исбот шудани гуноҳаш ин марди умраш ба ҷое расида, боз чанд соли нави дигарро дар пушти панҷараи зиндн пешвоз хоҳад гирифт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД