Корнамоие, ки субҳи имрӯз як корманди ин ниҳод дар Вилояти Суғд кард, ӯро ба қаҳрамони воқеӣ табдил дод.
Даврон Раҳматзода, корманди бозрасии давлатии автомобилии Вилояти Суғд имрӯз ба қаҳрамони тамоми сомонаҳои интернетӣ табдил ёфтааст. Ин ҷавонмарди шуҷоъ як духтараки тахминан 18-солаи донишҷӯро, ки бо қасди худкушӣ худро ба коми Сирдарё ҳаво дода, мехост абадан ин дунёи зеборо тарк бигӯяд, аз коми аждари марг наҷод дод. Раҳматзода вазифаи масъули муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии Вилояти Суғдро бар дӯш дорад. Ин ҷавонмарди далер ҳангоми барои иҷрои вазифаи навбатии хидматӣ рафтан аз болои купруки Сирдарё гузар карда истода, тасодуфан шоҳиди худкушии ин духтараки донишҷӯ гаштааст.
Духтарак аз болои пул худро ба коми дарёи пурталотум, ки мисли аждар фишшос мезад, ҳаво медиҳад. Бо дидани ин мазара Даврон Раҳматзода зуд бо қаиқ ба имдоди ғарқшаванда шитофта, бо ёрии кормандони ҳолатҳои фавқулода духтаракро, ки аллакай ба коми дарё фурӯ рафта истода буд, зинда аз об берун кашидаанд.
"Агар Раҳматзода ва кормандони КҲФ фавран ба имдод намешитофтанд, шояд ин донишҷӯдухтар ба ҳалокат мерасид. Худоро шукр, зинда монд ва аз ғарқшавӣ наҷот ёфт”, - гуфтааст Фахриддини Аваззод, корманди БДА Суғд дар сӯҳбат ба Sputnik Тоҷикистон .
Айни замон ин духтар дар Бемористони шаҳрии № 1 Хуҷанд таҳти назорати табибон қарор дорад, вале ҳанӯз сабаби қасди худкушӣ намудани донишҷӯ маълум нест.
Бадбахтона, ҳодисаҳои нохуши худкушӣ ё қасди худкушӣ кардани одамон бо василаи худро ба об партофтан вақтҳои охир тез-тез ба вуқуъ мепайванданд. Ин падида дар байни занону духтарон бештар ба назар мерасад.
Коршиносон сабабҳои асосии худро ба дарё ва обанборҳо ҳаво додани бонувонро дар ҷангу ҷанҷолҳои хонаводагӣ, мушту лагади шавҳар, таънаю маломати хушдоману хоҳаршӯй, талоқ, душвориҳои иқтисодӣ, бекорӣ, бехонагӣ ва бекасию мушкилоти равонӣ маънидод менамоянд. Ҷавондухтарон бештар аз алами ишқи нокмом қасди худкушӣ ва худкушӣ менамоянд.