Виктор Сергеевич Рассадин барандаи Ҷоми ҷаҳон, ғолиби чандинкаратаи чемпионатҳои Русия ва устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ мебошад.
Виктор 7-уми ноябри соли 1993 дар шаҳри Среднеколимски Ҷумҳурии Саха (Якутия) ба дунё омада бошад ҳам, моҳи декабри соли 2023 шаҳрвандии варзишии Тоҷикистонро гирифт. Дар ибтидои моҳи феврали соли 2024 Виктор Сергеевич Рассадин қаҳрамони Тоҷикистон шуд ва ҳақи ширкат дар Чемпионати Осиёро дар ин сол ба даст овард.
Тавре аз ҳолномаи чемпион бармеояд, ҳанӯз дар синни 6-солагиаш падараш дар сӯхтор ба таври фоҷиавӣ мурдааст. Модараш талафоти талхро таҳаммул накарда, чанде баъд аз думболи шавҳараш аз олам мегузарад. Ҳамин тавр, Виктор ва бародараш дар тарбияи бибии пиру солхӯрдаашон мемонанд.
Виктор аз овони кӯдакӣ ба варзиш шавқу рағбати зиёд дошта, дар риштаи бокс машқ мекард. Бори аввал ӯ дар синни 11-солагӣ ҳамроҳи бародараш ба толори варзишӣ рафта, тамринро зери роҳбарии Михаил Захарович Аянитов дар риштаи гӯштин оғоз кардааст. Баъдтар, пас аз хатми синфи 6 ба мактаб-интернати варзишии вилояти Уст-Алдан рафта, дар он ҷо бо Иван Иванович Дмитриев тамринро идома медиҳад ва соли 2008 донишҷӯи UOR-и шаҳри Якутск мешавад.
Соли 2008 Виктор ғолиби Бозиҳои байналмилалии варзишии «Кӯдакони Осиё» гашта, соҳиби медали нуқра шуд. Ин аввалин муваффақияти ҷиддӣ барои ӯ буд.
Туфайли баромадҳои бомуваффақияташ ӯро ба Омӯзишгоҳи захиравии олимпӣ ба номи Р. М. Дмитриеви шаҳри Якутск даъват карданд. Соли 2014 Виктор дар чемпионати Русия бори аввал дар байни калонсолон баромад намуда, дар вазни то 57 кг мақоми 3-юмро ишғол намуд. Ба тамошобинон услуби гӯштини ҳуҷумкоронаи Рассадин маъқул шуд.
Ҳамин тавр, Виктор Сергеевич Рассадин пай дар пай ба дастовардҳои зиёде ноил гашта, 9 медали тилло, 3 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ ба даст овард ва номаш дар сархати расонаҳо ҷой гирифт.
Соли 2024 дар пойтахти Қирғизистон - шаҳри Бишкек Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод доир гашт. Дар ин мусобиқа Виктор Рассадин бо маҳорати волои худ дар даври аввал намояндаи Кореяро бо ҳисбои 11:0, дар даври чаҳорякниҳоӣ гӯштингири қирғиз Канат Керимбековро бо ҳисоби 9:0 ва дар даври нимниҳоӣ намояндаи Туркманистон - Арслан Бегенҷовро бо ҳисоби 14:4 пеш аз муҳлат шикаст дод. Аммо дар даври финалии мусобиқа варзишгари 30-солаи тоҷик Виктор Рассадин бо гӯштингири ҷопонӣ Кота Такаҳашии 20-сола нерусанҷӣ карда, мутаассифона, бо ҳисоби 3:6 ноком шуд ва сазовори медали нуқра гардид.