Санаи 30 -юми ноябр дар толори кушоду барҳавои Кохи Суруш таҳти унвони “Лигаи Беҳтаринҳо”бо иштироки ситораҳои машҳури кишвар ва хориҷ барномаи ҷолиби консертӣ баргузор гардид.
Дар оғоз ташкилкунандаи ин чорабинии бонуфузи фарҳангӣ ровии шинохта ва Директори генералии “Новое Радио-95.5 FM” Мубориз Усмонов тамоми меҳмононро ба ин толор хушомадед гуфт, баъдан ситораҳои эстрадаи тоҷик- Нигина Амонқулова, Зулайхо Маҳмадшоева, Меҳрнигори Рустам, Нигора Холова, Суруш Холов, Валиҷон Азизов, Дамирбек Олимов, Нишонаи Рустам ва дигарон саҳнаро бо таронаҳои дилошуби худ тарабобод гардониданд.
Дар ин базми пуршукӯҳ ҳамчунин ҳунармандони машҳури хориҷӣ, аз қабили гурӯҳи овозадори “Виагра”, сарояндаи украинӣ Надежда Мейхер ва ҳофизи машҳури Ӯзбекистонӣ Ҷаҳонгир Отаҷонов иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд.
Ба табрики ташкилкунандагони ин барномаи бошукӯҳ муовини якуми Вазири Фарҳанг Назариён Обид Одилзода ташриф оварда, дар суханрониаш қайд намуд, ки чунин чорабиниҳо далели равшани дар соҳаи фарҳангу санъат пеш рафтани Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Дар ин базми дилнишин ҳамчунин ҳунарпешаҳои машҳури тоҷик Моҳпайкар Ёрова, Убайдулло Раҷабов, Сабина Шаймардонова ва боз чандин чеҳраҳои шинохта ширкат варзиданд.
Шабнам Тоҳирӣ