sebiston july new
ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ХУРӮҶИ ДУБОРАИ ВИРУСРО ДАР КИШВАР ТАСДИҚ НАМУД
5262

 

Дар байни мардум миш-мишу овозаҳо дар бораи аз нав хурӯҷ кардани бемории сироятии “Ковид-19” дар Тоҷикистон кайҳо пайдо шуда бошанд ҳам, ин хабар аз ҷониби ягон мақомоти дахлдор тасдиқ карда намешуд, вале дирӯз ҳукумати кишвар расман аз ҳолати нави гирифторшавии бемории короновирус дар ҷумҳурӣ хабар дод.

АМИТ-Ховар дар ин бора иттилоъ дода, таъкид менамояд, ки мутахассисон сабабҳои дубора хуруҷ кардани бемориро дар бетаваҷуҳии худи шаҳрвандон, риоя накардани қоидаҳои зидикуруноӣ ва чанд омили дигар маънидод менамоянд.

Қобили зикр аст, ки коронавирус танҳо мушкили Тоҷикистон набуда, имрӯз ин бемории ҳамагир сар то сари оламро ба изтироб овардааст. Бузургтарин ва пуриқтидортарин кишварҳои ҷаҳон низ то ба ҳол роҳи пурра мағлуб намудани ин бемории сироятиро пайдо накардаанд. Ягона воситаи худро муҳофизат намудан аз коронавирус ин пӯшидани ниқоб, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ ва масофаи иҷтимоӣ аст.

Дар маҷлиси дирӯзаи ҳукумат диққати асосӣ ба масъалаи пешгирии хурӯҷи сар то сарии беморӣ равона гардида, захира ва нигоҳдории маводи доруворию маҳлулҳои безараргардонӣ, пурзӯр кардани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва ҳамкории мутақобилаи сохторҳои аъзои Ситод аз мавзӯҳои асосии ҷаласа буданд.

Вобаста ба хурӯчи беморӣ аз ҳар як сокини мамлакат, қатъиян риоя намудани тавсияи мутахассисони соҳа, бе зарурат гаштугузор накардан, пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва истифодаи маводҳои безараргардонӣ талаб карда мешавад.

Бо сабаби хуруҷи навбатии бемории сироятии коронавирус дар як қатор кишварҳои ҷаҳон фаъолияти марказҳои хизматрасонӣ қатъ гаридад, баргузории ҷашну маросимҳо ва сайру гашти оммавӣ дар боғу гулгаштҳо манъ карда шудааст, вале ҳанӯз маълум нест, ки дар Тоҷикистон дубора карантин мешавад ё не.

Айни замон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус — COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо пурзур намудани назорати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, назорати марказҳои хизматрасонию фарҳангӣ ва риояи қоидаҳои санитарию зиддиэпидемикиро ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо ва маросими дафн зери назорат хоҳад гирифт.

Умедворем, ки сокинони кишварамон ба ин масъала хеле ҷиддӣ муносибат намуда, тавсияҳои мутахассисони соҳаи тибро ба эътибор мегиранд ва ба қоидаҳои зидди эпидемологӣ риоя менамоянд. Фаромӯш накунед, ки саломатии ҳар як шахс дар дасти худи ӯст. Ҳатман ба қоидаҳои санитарӣ ва масофаи иҷтимӣ риоя намуда, саломатии худ ва дигаронро зери хатари куруно нагузоред!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД