shoh palace
Вазорати Тандурустӣ барои барқарор намудани обрӯй чӣ чора меандешида бошад?
4172


Дар саҳифаи фейсбукии "Мо Тоҷикистониён" маводе зери унвони "Вазорати Тандурустӣ мегӯяд, ки омори он дуруст аст ва танҳо ба омори вазорат бояд эътимод кунед!" нашр шуд, ки дар давоми 2 соат дар зери ин матлаб зиёда аз 200 шарҳ гузошта шуд.

Ҳамаи шарҳҳоро бо диққат аз назар гузарондам ва таҳлил намудам. Натиҷаи таҳлил нишон дод, ки боварии мардум ба вазорат тамоман коста шудааст, чунки ҳамаи иштирокчиёни гурӯҳ бо назари танқидӣ фаъолияти Вазорати Тандурустиро баҳогузорӣ намудаанд. Аз аксари шарҳҳо буйи нафрат нисбати вазорат омадааст. Ҳамон нафароне бо нафрат шарҳ гузоштаанд, ки наздикону пайвандонашонро аз сабаби ин беморӣ аз даст додаанд ва дар айёми беморӣ пурра аз ҳисоби худ доруворӣ харидорӣ намудаанд.

Дар урфият беҳуда нагуфтаанд ки "Офтобро бо доман пӯшондан намешавад". Ин зарбулмасал хосатан ба ҳолати имрӯза рост меояд. Ҳарчанд мегӯем ки вазъият хуб мешавад кӯмак расонда истодаем, ҳамоно дар шабакаҳои иҷтимоӣ "пост"-ҳои хонандагон аз он гувоҳ медиҳанд, ки вазъият дар кишвар нигаронкунанда аст. Ин нуқтаро намояндагони СУТ дар конфронси телефонӣ бо журналистон низ тасдиқ карда буданд. Мутаассифона, дар Тоҷикистон махсусан дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷанд қариб дар ҳамаи оилаҳо чанд аъзои аҳли байт мубталои ин беморӣ шуданд. Баъзеҳо хушбахтона иммунитети қавӣ доштанду коронавирусро сабукона гузаронданд, аммо баъзеҳо қариб як моҳ бо беморӣ даст ба гиребонанду дигарон дар дами марганд ва гурӯҳи охирин ба доми марг фурӯ рафтанд. Ин ҳам нафароне буданд, ки дар ҷомеа мақоми хос доштанду шоҳсутуни кишвар ҳам онҳоро гӯем хато намекунем. Ба ин тоифа олимон ва табибони дараҷаи олии Тоҷикистон дохил мешаванд. Дар чанд хонадон пайдокунандаи ризқу рӯзии фарзандон ба доми аҷали коронавирус фурӯ рафтанд, чанд кӯдак боз ятиму фақир шуд. Ҳамаи ин аламовар аст ва барои ояндаи кишварамон зарбаи сахт дорад.
Нафароне, ки маблағи аз рентген гузаштану дору хариданро надоранд, дар ҳолати ба COVID-19 мубтало шудан чӣ гуна аз вазъият мебаромада бошанд? Боз агар бенаво бошанду оилаи калон. Аҷабо!
Дар ин давра ақаллан аз тарафи Вазорати Тандурустӣ ташхис ва табобат ройгон мешуд, он гоҳ итминони халқ нисбати вазорат бештар мешуд. Сели шарҳҳои танқидӣ кам мешуд!
Агар як-ду кас нависад, ки бо ташаббуси Вазорати Тандурустӣ ва ташхису табобати ройгони он падарам, модарам, фарзандам ва дар маҷмӯъ халқи шарифи Тоҷиеистонам аз ин буҳрони маргбор наҷот ёфт, он вазорат соҳиби шӯҳрати нек мегардид!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД