Дар мавсими сармо Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз ронандагон хост, ки дар сурати аз рӯи зарурат сафар кардан тавассути ағбаҳо ҳатман чархҳои тобистонаро ба чархҳои зимистона иваз кунанд, зеро воситаи нақлиёт бо чархҳои капронии тобистона дар зимистон метавонад дар роҳ ба ҳолатҳои ногувор дучор шавад.
Вазорати нақлиёт ҳушдор медиҳад, ки бад шудани шароити обу ҳаво барои ронандагони воситаҳои нақлиёт андешидани тадбирҳои махсусро талаб мекунад ва ба онҳо тавсия медиҳад, ки дар чунин рӯзҳо бидуни зарурат аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Ба ронандагон инчунин тавсия дода мешавад, ки ҷиҳати бехатарӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ дар мошин занҷирҳои зиддилағзиш ва бел дошта бошанд. Зеро андешидани ин тадбирҳо бо мақсади бемамониат гузаштан аз ағбаҳо бо нақлиёти боркаш ва сабукрав ва ба вуҷуд наомадани тамбашавии сунъӣ дар роҳҳои кӯҳӣ зарур аст.