Arzon march 2024
Вазорати маориф идгардакро барои хонандагону донишҷӯён манъ кард
679

 

Вазорати маориф ва илм бо ирсоли як дастур аз волидони тарбиятгирадагони боғчаҳои кӯдакона, хонандагони мактаб ва донишҷӯён хост, ки фарзандонашон дар рӯзи иди Рамазон идгардак накунанд.

Як масъули Раёсати таҳсилоти миёнаи умумии вазорат гуфт, дар ҳақиқат дастури Вазорати маориф ва илм аст, ки тарбиятгирандагони боғчаҳо, хонандагони мактаб ва донишҷӯён дар ин рӯз ид накунанд.

Зикр шуд, ки барои риоя накардани ин дастур ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Чанд хонандаи сомона низ гуфтанд, ки аз онҳо бо гирифтани забонхат хостаанд кӯдаконашонро аз рафтан ба идгардак нигоҳ доранд, вагарна то 600 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Дар рӯзи ид дар баробари волидайн омӯзгорони мактабҳо низ муваззаф шудаанд, ки ин равандро назорат кунанд, то шогирдонашон ба хонаҳои ҳамдигар ба идгардаку табриккунӣ нараванд.

Гуфта шудааст, ки ин тасмим дар доираи қонунҳои танзими анъана ва масъулияти падару модар гирифта шудааст. Зайнаб Ҳусейнова, сухангӯи Кумитаи дин гуфт, ки қонунгузорӣ идгардакро манъ накардааст ва дар қонун танҳо вобаста ба дастархони камхарҷу хоксорона сухан рафтааст.

Ёдовар мешавем, ки иди Рамазон имсол дар кишвар рӯзи 10-уми апрел баргузор мегардад. Рӯзи ид дар кишвар рӯзи ғайридарсӣ эълон шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД