Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар пайи баҳсҳо дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба хариди иҷбории либоси мактабӣ ва сифати он мавқеи худро баён кард.
Вазорат таъкид кардааст, ки харидани либоси мактабӣ бояд бе маҷбур кардани хонандагон ва волидон сурат гирифта, ҳуқуқи онҳо ба интихоби озоди мол риоя шавад. Ба иттилои вазорат, барои хонандагону омӯзгорон дастурамали либосҳои тавсиявӣ таҳия ва ба муассисаҳои таълимӣ ирсол шудааст.
Аммо вазорат дар истеҳсол, таъмини бозор, муайян кардани нарх ва фурӯши либоси мактабӣ иштирок намекунад. Ҳамзамон, ҷалби омӯзгорон ба хариду фурӯши либоси мактабӣ тибқи қонун манъ мебошад.
Вазорат мегӯяд, ки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ низ набояд дар дохили мактаб ба фурӯши либос ва дигар лавозимоти таълимӣ роҳ диҳанд.
Мақомот таъкид мекунанд, ки маҷбур кардани хонанда ё волидон ба харидани либос аз истеҳсолкунанда, нуқтаи савдо ё шахси муайян ба мавқеи расмии Вазорати маориф ва илм мухолиф аст.