Commerc banl
Вазири маорифи Тоҷикистон бо сафири навтаъини Иттиҳоди Аврупо вохӯрд
06.02.2026
Oila.tj
164

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо сафири навтаъини Иттиҳоди Аврупо Рудослав Дарский вохӯрд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Нахуст, зимни суҳбат вазири маориф ва илм аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба бо Иттиҳоди Аврупо ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Иттиҳоди Аврупо яке аз шарикони муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳамкориҳо бо он аз соли 1992 инҷониб пайваста рушд меёбанд.

Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки Иттиҳоди Аврупо ҳамчун шарики рушд дар самти ислоҳоти низоми таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, татбиқи барномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла «Эразмус+», саҳми назаррас дорад. Қайд гардид, ки тавассути ин барнома табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба стандартҳои байналмилалӣ амалӣ гардида истодааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД