Вазири маориф шаффофияти баҳогузориро талаб кард
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, барои таъмини шаффофияту адолат ҳангоми баҳогузорӣ дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба ҳайати ҳакамон дастур додааст.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илм, вазир ин нуктаро 16 -уми ноябр зимни шиносоӣ бо раванди баргузории даври чоруми озмун дар номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон баён кардааст.
Ба гуфтаи манбаъ, Саидзода ба раванди санҷиши донишу маҳорати иштирокчиён ва фаъолияти ҳайати ҳакамон низ шинос шуда, таъкид кардааст, ки ҳангоми баҳогузорӣ сатҳи дониш, маҳорати суханварӣ ва омодагии иштирокчиён ба назар гирифта шавад.