Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни нишасти хабарӣ дар бораи пешниҳоди манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғони то синни 14-сола гуфт, ки шахсан инро дастгирӣ мекунад.
“Ман тарафдори он ҳастам, ки хонанда аз интернет ҳамон чизҳоеро истифода барад, ки барои баланд шудани мафкурааш мусоидат кунад. Дар ин самт мо корбарӣ мекунем”,- гуфт вазири маориф.
Бобоҷони Ҷаҳонгир, сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки вазорат гуфт, ки соли гузашта ба Қонун “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” тағйиру иловаҳо ворид шуд ва дар асоси он, бояд қоидаҳои ҳифзи кӯдакон аз иттилооте, ки ба саломатӣ ва рушди онҳо зараровар аст, омода карда шавад.
“Ҳоло дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гурӯҳи байниидоравӣ таъсис дода шудааст ва лоиҳаи ин қоидаҳо таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод карда мешавад. Дар ин қоида ҳамаи маълумоте, ки дар интернет ҳастанд ва ба рушди кӯдакон зараровар аст, барои наврасони то синни 18-сола маҳдуд карда мешавад”,- гуфт Бобоҷони Ҷаҳонгир.