Arzon march 2024
Вазири корҳои хориҷии Россия: Пурзӯр гаштани назорат дар марз ва фурудгоҳҳо миллатгароӣ нест
776

“Пурзӯр гаштани назорат дар сарҳади Россия ба фоҷиаи хунине, ки рӯзи 22-юми март дар Крокус-Сити Холл” рӯй дод, алоқамандӣ дорад, вале санҷишу тафтиши ҳамаҷонибаи шаҳрвандони хориҷӣ танҳо ба як миллат равона карда нашудаанд”,- гуфтааст Сергей Лавров дар ҷавоб ба изҳороти ҷониби Тоҷикистон дар бораи поймол гаштани ҳуқуқҳои тоҷикон дар фурудгоҳҳо ва марзи Русия.

Чанд рӯзи охир садҳо нафар тоҷикон дар фурудгоҳҳо ва сарҳади Федератсияи Россия дармонда, мақомоти қудратӣ бо баҳонаи санҷишу тафтиши ҳуҷҷатҳо онҳоро ба қаламрави ин кишвар роҳ намедиҳанд. Дар робита ба ин масъала Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сароғоз аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хост, ки бидуни зарурат аз сафар ба Федератсияи Россия худдорӣ намоянд.

Баҳси манъи тоҷикон дар фурудгоҳҳо ва нуқтаҳои сарҳадии Россия тӯл кашида, билохира кор ба ҷое расид, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Сафири Федератсияи Россия нотаи норозигӣ супорад.

Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров ба изҳороти ҷониби Тоҷикистон дар боби поймол гаштани ҳуқуқҳои шаҳрвандонаш дар телеграм-канали худ посух дода, аз ҷумла гуфтааст: «Фоҷиаи хунини дар „Крокус Сити Холл“ рӯйдода боиси пурзӯр гаштани назорати шаҳрвандони хориҷие гашт, ки ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мегарданд. Ин чораҳо хислати мавсимӣ дошта, ба намояндагони ягон миллат ё дин нигаронида нашудаанд. Ҳадаф ба низом даровардани кори нуқтаҳои сарҳадӣ ва гузаргоҳҳост”.

Дар ин бора ura.news хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД