sebiston july new
Вазири фарҳанги Русия мубталои “коронавирус” шуд
1026

 

Олга Любимова, вазири фарҳанги Русия ба вируси навъи COVID-19 мубтало шудааст. Ба иттилои хабаргузориҳои русӣ, бемории вазир сабук буда, дар хона табобат мегирад ва корҳояшро ба таври фосилавӣ анҷом медиҳад.

“Натиҷаи санҷиши “коронавирус”-и ӯ мусбат баромад. Вазир дар хона аст ва маҷлисҳои корро тавассути видеоконфронс баргузор мекунад. Дар маҷлисҳо ва гуфтушунидҳо бошад, дар формати онлайн ширкат меварзад. Беморияш сабук аст”,-гуфтааст, намояндаи вазир. Ҳарчанд хонум Любимова дар беморхона бистарӣ нест, аммо табибон вазъи саломатии ӯро мунтазам муоина мекунанд ва зери назорат гирифтаанд. Қаблан мо дар бораи ба “коронавирус” гирифтон шудани Вазири фарҳанги Фаронса Франк Ристер хабар дода будем. Хушбахтона, ҳоли ҷаноби Ристер имрӯз хуб аст ва ба саломатиаш хатаре таҳдид намекунад. Олга Любимова низ ба зудӣ шифо хоҳад ёфт, зеро бемориаш чандон вазнин нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД