arzon replenishment
ВАЗИР ДИГАР ЧИЗ ГУФТУ НАМОЯНДАИ СҶТ ДАР ТОҶИКИСТОН ДИГАР ЧИЗ
2649

Бактигул Карриева, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) дар Тоҷикистон, рӯзи 5 июн дар суҳбат бо бахши тоҷикии “Радиои Озодӣ” гуфт, ки на дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва на дар кишварҳои дигар авҷи пандемияи коронавирус ҳанӯз паси сар нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл вазири нави тандурустии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода дар мусоҳиба ба ҳафтавори “СССР” изҳор дошта буд, ки нуқтаи авҷи бемории корнавирус дар ҷумҳурӣ аллакай паси сар шуд.

“Нахустин беморони гирифтори COVID-19 дар кишвари мо рӯзи 30 апрел ошкор ва ба қайд гирифта шуда, нуқтаи авҷи он аз рӯи таҳлилҳое, ки мо ҳамарӯза мегузаронем, ба 15 майи соли ҷорӣ рост омадааст. Яъне 15 май нуқтаест, ки аз ҳама бештар беморон мушоҳида ва ташхис гардидаанд. Пас аз он раванди пастшавии авҷи беморӣ ба қайд гирифта шуда, шумораи беморон каму сиҳатёфтагон рӯ ба афзоиш ниҳод. Тавре мебинед рӯзҳои ахир фавт ҳам камтар ба қайд гирифта шуда, дар 2 рӯзи гузашта ягон ҳолати талаф ба вуқӯъ напайвастааст”, - иброз доштааст Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири нави тандурустии кишвар.

 

Айни ҳол, дар робита ба таҳдиди хатарҳои нави ин беморӣ сарусадоҳо хеле зиёд аст. Ёдовар мешавем, ки Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ чанд моҳи ахир аз таҳдидҳои нави ин вирус ба кишвари мо ҳушдор медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД