Arzon march 2024
Вазъи занони муҳоҷири тоҷик дар Русия вазнин аст, вале...
4293


Эмомалӣ Сайидзод, яке аз рӯзноманигорони тоҷик, ки ду рӯз баъд аз моҷарои Русия бо Украина ба Тоҷикистон баргаштааст, аз рӯзгори сангини муҳоҷирони тоҷик қисса кард.
Давоми шаш моҳе, ки дар қаламравӣ Русия ба ҳайси муҳоҷир фаъолият мекардам, аз тарафи пулиси ин кишвар се маротиба боздошт шудам, -гуфт Эмомалӣ дар суҳбат бо Орзу Исоев.
Дар ҷавоб ба суоли вазъи занҳои муҳоҷир дар ин кившар чӣ гуна аст ва ҳангоми “рейд”-ҳо ба куҷо паноҳ мебаранд, Эмомалӣ гуфт:
- Занҳои тоҷик ба муҳоҷират зиёд мераванд, ки аксарашон вазъи хуб надоранд. Охирон маротибае, ки маро боздошт карда ба шуъбаи пулис бурданд, дар дохили "камера" як зани бадахшӣ мехобид ва ҳамеша гиря мекард. Вақте ҳолашро пурсидам, дар ҷавоб гуфт, ки як бор ӯро ихроҷ кардаанд, вале аз қаламравӣ Русия берун нашудааст ва вақте дубора боздошташ карданд, дар дохили панҷараи боздоштгоҳ муддати чор рӯз асту ҳатто телефон надорад, ки бо наздиконаш тамос бигирад. Кормандони низомӣ намегузоранд, ки бо ӯ суҳбат кунанд ва ҳатто ба камерааш наздик шаванд, аммо мо тавонистем кӯмак кунем. Муддати якуним рӯзе, ки дар шуъба будам, пинҳонӣ тавассути баландгӯяки телефон шароити суҳбат кардан бо пайвандонашро фароҳам овардем. Хушбахтона занро ҳамон рӯз аз шуъба бароварданд ва бадбахтона аз Русия ихроҷ карданд.
Эмомалӣ Сайидзод мегӯяд, тибқи қонунҳои амалкунандаи Русия нафаре, ки ба ин кишвар дохил мешаванд, бояд давоми се рӯз боздошт ва бозпурсӣ нашавад, вале маро бори аввал пас аз як рӯзи ворид шудан ба Русия ғайриқонунӣ ба шуъбаи пулис бурданд дар асосӣ майзадагӣ протокол тартиб доданд ва ҷаримаро супоридам. Дар асл ман май наменӯшам. Маротибаи дуюм дар ҳоле, ки ду ниқоб доштам, пулиси Русия баъди боздошт гуфт, ки барои бениқобӣ ба номат протокол тартиб медиҳем. Маротибаи сеюм, ки ба ҳайси қосид (куриер) кор мекардам, БДА боздошт карда, ҳуҷҷатҳоямро аз назар гузаронд ва ба шуъбаи пулис занг зад. Баъд аз суҳбат ба ман гуфт, ки бояд ба он ҷо равӣ. Вақте ба он ҷо рафтам, гуфтанд, ки дар ҳуҷҷати иҷозатномаи кориат мушкилӣ дорӣ ва ҳамин тавр ҷарима карданд.
Ин рӯзноманигор, ки мушкилии муҳоҷиратро ба чашмони худ дидааст, дар суҳбаташ сабаби берун шудан аз қаламрави Русия ва вазъи кунунии муҳоҷиронро чунин нақл кард:
“26- уми феврал аз каламрави Русия берун шудам, яъне баъди ду рӯзи ҳамлаи Русия ба Украина. Давоми ду рӯз вазъи муҳоҷирон мушкилтар шудан гирифт. Ҳар касеро дастгир мекарданд, ихроҷ мекарданд ва муҳоҷироне, ки ҳатто ҳуҷҷат доштанд, тарсида мегаштанд. Аз он ки маро хатари ихроҷ кардан таҳдид мекард ва пулис даҳ рӯз муҳлат дода буд, рӯзи шашум ба Тоҷикистон баргаштам.
Мавзӯи муҳоҷират яке аз мавзӯъҳои доғ барои ҷомеа маҳсуб ёфта, бо вуҷуди мушкилиҳои дар ин кишвар буда, ҳамасола садҳо марду зани тоҷик барои пайдо кардани кор ва пеш бурдани зиндагиашон Русияро интихоб мекунанд. Аз ҳамин хотир вазнин шудани авзоъи сиёсии ин кишвар ба буду боши муҳоҷирон меҳнатӣ низ бе таъсир намемонад. 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД