Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ҷаласаи корӣ доир гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, дар ҷаласаи корӣ муовини вазир Зулфия Абдусаматзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарияти Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.
- Дар ҷаласа вазъи кунунии хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон таҳлил ва баррасӣ гардид. Махсусан, дар ҷаласаи мазкур ба масъалаҳои пешгирии фавти модарону кӯдакон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, аз масъулин даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин самт фаъолияти хешро пурзӯр намоянд,- меафзояд манбаъ.