Arzon march 2024
Вазген Манасян оламро падруд гуфт
1022



Машҳуртарин футболбози тоҷик, ҳамлагари дастаи номдори “Помир”-Душанбе Вазген Манасян дар синни 66-солагӣ аз дунё гузашт.

Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Вазген Манасян яке аз ситораҳои дурахшонтарини футболи тоҷик ба ҳисоб рафта, замони Шӯравӣ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар сар то сари собиқ СССР ҳамчун футболбози моҳир машҳур буд.

Вазген Манасян соли 1958 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, ҳанӯз аз овони кӯдакӣ ба маънои томаш ошиқи футбол буд. Аввалҳо мисли тамоми писарбачаҳои Шӯравӣ дар кӯчаю пасткӯчаҳо футболбозӣ мекард, баъд аъзои фаъоли мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони №5 дар назди стадиони “Спартак” гашт ва ҳамин тавр маҳорати худро сол то сол такмил дода, билохира соли 1980 аъзои дастаи номдори футболи “Помир”-Душанбе шуд. Дар ҳайъати ин даста Вазген Манасян дар зиёда аз 425 бозӣ иштирок намуда, дар маҷмӯъ 123 гол задааст.

Ҳамин тавр шӯҳраташ аз марзҳои кишвар берун рафта, сазовори унвони баланди “Устоди варзиши СССР” гашт.

Дар асл Вазген Манасян хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон мебошад, вале меҳру муҳаббати беандозааш ба футбол, ки ҳанӯз аз замони кӯдакӣ дар қалбаш маъво гирифта буд, ӯро ба ин ҷода оварда, машҳур ва маҳбуби миллионҳо мухлисони футбол гардонд.

Ёдрас мешавем, ки Вазген Манасян аз соли 1980 то 1992 дар ҳайъати дастаи “Помир”-и Душанбе ба сифати ҳамлагар бозӣ мекард, вале пас аз пош хӯрдани давлати Шӯравӣ дастаи”Помир”-ро тарк намуда ба “Зенит” гузашт.

Дар ҳайъати ин даста Манасян дар Петербург ҳамагӣ 4 бозиро анҷом дода, ҳангоми рақобат бо “Спартак” сахт захмӣ шуд ва шартномаашро қатъ намуда ба Душанбе баргашт.

Соли 1996 футболбози номдор ба карераи варзишиаш хотима гузошт, вале дунёи футболро ба пуррагӣ тарк накард. Манасян аз соли 2011 то 2013 вазифаи сармураббии дастаи футболи “Локоматив”-и Тошкентро иҷро карда, солҳои 2013-2015 ёрдамчии сармураббии тими миллии футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев буд. Замоне масълияти мурабби ин тимро низ бар дӯш дошт.

Ҳамин тавр Вазген Манасян тамоми умри пурбаракаташро ба футбол бахшида, ҳамчун футболбози номдор ва достони зиндаи “Помир”-Душанбе аз олам гузашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД