Имрӯз истифодаи вазелин хеле маъмул аст, вале баъзеҳо мегӯянд, ки ин равған ҳаром буда, набояд истифода шавад. Дини мубини ислом ба вазелин чӣ назар дорад?
Низорамоҳ, н. Айнӣ.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Вазелинро асалан барои хушк нашудани пӯст истифода мебаранд ва табибон онро муфид медонанд, бинобар ин, молидани он ба дасту пой ҳеҷ монеае надорад. Фақат қабл аз харидорӣ ва истифодаи вазелин тамғаи онро аз назар гузаронед. Мабодо дар таркиби он ягон моддаи ҳаром вуҷуд дошта бошад, беҳтараш аз молидани он худдорӣ намоед, агар чизе набошад, истифодааш ҷоиз аст. Бисёр вақт дар маҳлулҳо аз маводҳои ҳаром истифода мекунанд, бинобар ин, эҳтиёткор бошед.