Sebiston new 2024 october
Вақти намоз ва рӯзи Иди Қурбон маълум шуд
1328

Тибқи ҳисобҳои илмӣ имсол Иди саиди Қурбон эҳтимол аст, ки рӯзи 28-уми июн баргузор шавад. Дар ин бора Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба сомонаи “Оила” хабар дод.

Гуфта шуд, ки тибқи ҳисоботи илмии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои кишвар ва Кумитаи дин, танзими анъана саннаи баргузории Иди саиди Қурбон ба 28-уми июн, рӯзи чоршанбе, рост меояд.

Намози ид дар масҷидҳои кишвар соати 6:00 баргузор мегардад”, - гуфт манбаъ.

Инчунин, тибқи қарори Шӯрои уламо имомхатибон вазифадор гардидаанд, ки дар мавъизаҳои худ таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи дастгирии ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ аз исрофкорӣ, инчунин назорати кӯдакону наврасон аснои “идгардак” ҷалб намоянд.

Иди саиди Қурбон, яке аз ду иди бузурги мусулмонӣ буда, 2 моҳу 10 рӯз баъд аз Иди шарифи Рамазон таҷлил мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД