Arzon march 2024
Вақти амри маъруф намоз хонем?
473


Домуллои муҳтарам. Мо дар як намоз бо як руҳонӣ баҳс шудем. Чунки дар вақти амри маъруф як нафар намоз хонд, мо исрор кардем, ки бояд дар вақти амри маъруф гӯш кунем ва баъдан намоз хонем, вале он кас гуфт, ки касе хоҳад намозшро мехонад, касе хоҳад гӯш мекунад.

Фаҳмидан мехостам, ки воқеан ҳам дар вақти амри маъруф хондани намоз ҷоиз аст?

Зафар, аз Кӯлоб

Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ, Сардори Раёсати фавтои ҶТ


Бародари гиромӣ. Намозро дар оромӣ гузоштанд беҳтар аст. Чунки вақте амри маъруф оғоз шуд, хотираи намозгузор парешон мешавад. Агар имкон дошта бошад, пеш аз амри маъруф намозашро гузорад, вале агар амри маъруф шурӯъ шуда бошад, суннатро баъди имкон пайдо карданаш мехонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД