Салом! Ман, як зани 45-солаи тоҷик бо мушкили саломатии худ ба шумо муроҷиат намуда, мехоҳам ба дардам ягон даво ёбед.
Ростӣ, пештар аз саломатӣ ягон шикоят надоштам ва ба қавли ҳамсояву дугонаҳоям, ҳамеша духтараки 18-сола барин давида мегаштам, аммо се сол қабл худ аз худ пойҳоям аз буҷулак поён ба дард даромаданд ва ҳамин тавр оҳиста-оҳиста дард чунон сахт шуд, ки дигар тамоман роҳ гашта натавонистам.
Чанд моҳ рӯйи ҷогаҳ хобида, ранҷу азоби бисёре кашидам. Бо даводавиҳои зиёд дубора ба по бархоста бошам ҳам, баъди ҳамон ҳодиса ҳар сол ҳамин, ки хунукиҳо сар шуд, пойҳоям боз ба дард медароянд. Болои ин радикулит дорам.
Ҳоло, ки тирамоҳ ҳукмрон аст, боз дарди миён ва пойҳо маро азият дода истодааст. Ягон давои халқие ҳаст, ки дарди пойҳоро бигирад, то ҷонам каме осояд?
Гулҷаҳон, аз ш. Кулоб.
Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ
Тавре ки падари илми тибби тоҷик, Абуалӣ ибни Сино гуфтааст, ба ҷуз банди аҷал дигар ягон дарду банду гиреҳе нест, ки инсон онро бо дониши худ боз карда натавонад. Мо ҳам барои табобати тамоми дардҳо, аз ҷумла дарди пой ва миён давоҳои зиёде дорем. Инак, аз хазинаи пурбори табиат ман ба шумо чанд гиёҳи оддиро тавсия медиҳам, ки ба зудӣ дарди пойҳоро мегиранд.
Чормағз - давои беҳтарин барои дарди пой
Тирамоҳ мавсими чормағ аст ва натанҳо мева, балки ҳатто баргу танаи ин дарахти мӯъҷизанок низ ба инсон фоидаи зиёде дорад. Фурсатро аз даст надода, як миқдор баргҳои чормағзро тоза шӯед ва дар зарфе андохта, аз болояш об рехта, камтар ҷӯшонед.
Пеш аз хоб ин оби шифобахшро ба оби ванна ҳамроҳ карда, ба дарунаш даромада шинед ё обро дар ягон тағора гирифта, пойҳоятонро то зону муддати 10-15 дақиқа дар ин об нигоҳ доред. Гиёҳоби барги чормағз дарди пойҳоро гирифта, ба кас оромӣ ва ҳаловат мебахшад.
Мӯъҷизаи зарришқа
Гиёҳи дигаре, ки дарди пойҳоро ба зудӣ мегирад, зарришқа аст. Як миқдор зарришқаро ба зарфе андохта аз болояш 200 грам об ва 200 гр сиркои ангурӣ рехта, ҳамагӣ 5 дақиқа ҷӯшонед.
Пас аз ин оташро хомӯш кунед ва зарфро аз болои бухорӣ гиирфта, монед, то ки даво ширгарм шавад. Докаи чорқабатаро дар ин гиёҳоби шифобахш тар карда, ба ҷойҳои дардманди поятон баста хоб равед, дардро мегирад.
Дӯлона ва қоқӯ
Барои халосӣ аз дарди пойҳо боз як давои омехтаи дигар низ тайёр кардан мумкин аст. Барои ин решаи чоқла, пӯсти решаи зелол, дӯлонаи сурх, решаи қоқу, чилбуғум ва меваи арчаро гирифта, якҷоя мекунед ва як таркиб месозед.
Таркиби дуюмро аз ин гиёҳҳои гули ҳамешабаҳор (календула), гули говзабон, бӯймодарони маҳинбарг, барги дарахти тус, алафи газанда, барги санавбар ва чойкаҳак тайёр кардан лозим аст.
Аз таркиби аввал се қошуқ гиёҳро дар 2 литр об андохта, 10 дақиқа меҷӯшонед, сипас зарфро аз болои оташ гирифта, ба он аз таркиби дуюм 3 қошуқ гиёҳ илова мекунед ва даҳони зарфро маҳкам карда, тахминан ду соат нигоҳ медоред.
Пас аз ду соат давои тайёршударо полонда, ба термос меандозед ва ҳар ду-се соат пас аз он 50 граммӣ менӯшед. Ин гиёҳоб ба тамоми намудҳои дарди банду буғумҳо даво буда, бар замми ин, асабро ором месозад. Саломат бошед!