Formula novemver 2024
Вақте ки мард мегиряд....
6826

Дар нишастгоҳи сари кӯча як дӯстамро интизор менишастам. Каме дуртар аз ман марди тахминан 55-60 солае нишаста, беҳаракат ба як нуқта нигоҳ мекард. Аз ваҷоҳаташ маълум буд, ки дар бораи чизе фикр карда истодааст. Аввал он қадар аҳамият надодам, вале чанде пас боз чашмам ба ӯ афтид ва дидам, ки мард ҳамоно беҳаракат нишастааст. Ҳисси кунҷковиам боло гирифта зеҳн монда ба вай нигаристам.

Барфи пирӣ аллакай дар болои сараш лона ниҳода буд ва чеҳрааш бисёр ғамзада менамуд. Эҳсос кардам, ки аз чашмони мард ашк шорида истодааст. Беҳуда бузургон нагуфтаанд: “Вақте ки мард мегиряд, дунё баробараш мегиряд!” Мардон танҳо ҳамон вақт иродаашонро аз даст дода мегирянд, ки мусибати бузурге руҳашонро бишканад, дигар ҳеҷ гоҳ мард оби дида намерезад. Ман, ки ҳамчун мард ин хислати мардонро хуб медонистам, ҳис кардам, ки ба сари ин мӯйсафед ягон фоҷиаи азим омадааст.

Ятим

Намедонистам чӣ гуна бо ӯ ҳамсуҳбат шуда, аз асли гап огоҳ шавам, ҳарчанд фикр мекардам, барои бо ӯ ҳамсуҳбат шудан ягон баҳонаи муносиб намеёфтам. Билохира “ҳарчи бодо бод” гӯён, ба наздаш рафтаму гуфтам:

-Салом падар! Бубухшед, ки шуморо нороҳат мекунам. Оё фарзандон ҳуқуқ доранд, ки аз мушкили падарон огоҳ шаванд?

Садои ман риштаи хаёлоти мардро барканд ва шояд боодобона суол доданам хушаш омад, ки чеҳраи ғамзадааш андаке кушода шуда гуфт:

-Салом писарам!

Ин ҷавоби ӯ гиреҳи суҳбатро кушод ва ман оҳиста-оҳиста ба дунёи ин марди қавипайкари гирён ворид шуда, аз сарнавишташ огоҳ гаштам. Амаки Зафар чунин қисса кард:

-Ман бе падару модар, дар тарбияи амакам ба воя расидам. Даврони кӯдакиҳо бо фараҳу шодӣ паси сар шуданду ба синни ҷавонӣ расидам. Шод будам, ки чун амакам такягоҳи пурқувват дорам, зеро ӯ миёни ману фарзандони худаш фарқе намегузошт. Беҳуда намегуфтаанд, ки ҳамроҳи одам як пуд намак хӯрӣ ҳам, боз ӯро шинохта наметавонӣ, амаки ғамхорам оқибат коре кард, ки ба гуфтанаш забон намегардад.

Маслиҳати тӯй

Рӯзе амакам маро наздаш хонда гуфт:

-Зафарҷон, ту ҳам ба синни зангирӣ расидаиву умри ман ҳам зиёд намондааст, ҷӯраҷон, ягон духтари хуби таги чашм кардагӣ дошта бошӣ, гӯй, то мо ба хонаашон хостгорӣ рафта саратро ҷуфт кунем. Як тӯяки хоксорона ороста туро хонаобод кунем, ҳам ман осуда мешаваму ҳам руҳи падару модари раҳматиат оромиш меёбад.

Аз ин қарори амакам хеле хурсанд шудам, зеро кайҳо боз Хадича ном духтараки ҳамдеҳаамонро дӯст медоштам. Хадича аз дигар духтарон ба куллӣ фарқ мекард. Духтари зебо, хоксор, оромтабиат, ростқавл ва аз ҳама муҳимаш бисёр бошарм буд. Ман ӯро маҳз барои ҳамин хислаташ дӯст медоштам ва метарсидам, ки ягон ҷавони дигар пешдастӣ карда, Хадичаи фариштарӯю фариштахӯйро соҳиб нашавад.

Шаҳди висол

Интихоби ман ба амакам писанд омад ва рӯзи дигар ҳамроҳи занаш кулчаю тӯша гирифта ба хонаи падари Хадича хостгорӣ рафт. Тарафи духтар розӣ шуданду мо бо хушӣ тӯйро барпо намудем. Зиндагии ману Хадича бисёр ширин оғоз ёфт. Ҳамсарам ба ман чунон меҳрубон буд, ки гумон мекардам дар тамоми дунё мисли ман марди хушбахт нест. Беҳуда намегӯянд, ки ба даҳони сағера нон расад, биниаш хун мешавад, аз тӯямон ду моҳ нагузашта маро ба хизмати ҳарбӣ даъват намуданд ва ормонҳои ношикаста дар дил роҳи Маскавро пеш гирифтам.

Номаи пуризтироб

Дилам барои ҳамсари ҷавонам гум мезад, вале худро тасаллӣ медодам, ки амакам Хадичаи маро хор шудан намемонад. Аввалҳо аз хона тез-тез хат мегирифтам, вале баъдтар дигар нома наомад. Ҳайрон шудам, ки чаро маро фаромӯш кардаанд. Дилам аз пешомади ногуворе дарак медод. Тақрибан се моҳ пас мактуби деринтизор расид ва умеду орзуҳои маро якбора барбод дода, номи Хадичаро аз дафтари умрам хат зад. Амакам навишта буд, ки Хадича ба ман хиёнат кардаасту вай бо чашми худаш ӯро дар нимашаб бо марде дидааст. Ин хабар мисли нештаре буд, ки қалби маро сӯрох кард. “Худоё, ман чӣ мехонам?! Не, не, ҳеҷ мумкин нест, ки занам ба ман хиёнат кунад! Хадичаи ман, ягона умеди зиндагиам ба ин кор қодир нест! Ман ӯро хуб мешиносам. Ин ҷо ягон гапи дигар ҳаст” мегуфтам худ ба худ ва ашк беихтиёр аз чашмонам мешорид. Амакам дар поёни мактуб аз ман хоҳиш карда буд, ки ҷавоби ҳамсарамро диҳам, вале ман ин корро накардам. Дилам ба ин иҷозат намедод. Дар дунё ҳеҷ кас занашро беҳтар аз худи мард намедонад ва ҳамин ҳиссиёти мардонаам ба ман мегуфт, ки зери коса ягон нимкоса ҳасту Хадичаи бечора гуноҳ надорад, аз ин хотир қарор додам, ки то ба Ватан баргашта ҳамаашро аниқ накунам, талоқи занамро намедиҳам.

Боз як шумхабар

Тахминан якуним моҳ пас боз мактуб гирифтам. Ин даъфа амакам навишта буд, ки Хадича ба хонаи волидонаш баргашта, тамоми чизу чораашро гирифта бурдааст. Мактуби дуюм шакку шубҳаи маро бештар намуд, вале ба нома ҷавоб нанавиштам.

Ният доштам, ки баъди хизмат ба хонаи падари Хадича рафта аз асли воқеа хабардор мешавам ва баъд ба ягон хулосае меоям.

Вохӯрии тақдирсӯз

Бо азобҳои зиёд хизматро ба охир расонидам ва чипта харида роҳи Тоҷикистонро пеш гирифтам. Дар фурудгоҳ бо як ҷӯраам вохӯрда гуфтам, ки бояд худи ҳамин рӯз ба деҳа равам. Дӯстам ким чӣ хел нороҳат шуда гуфт:

-Зафарҷон, кори шудагӣ шуд. Дигар нарав! Чаро худатро беҳуда азоб медиҳӣ? Беҳтараш бо он одамони паст баробар нашав.

Ҳайрон шуда пурсидам, ки “одамони паст” гуфта киро дар назар дорад. Оҳи сард кашида гуфт:

-Магар хабар надорӣ? Имрӯз занатро ба шавҳар медиҳанд!

-Наход?! Пас, гапҳои амакам рост будааст!

Дигар чӣ аз даҳонам баромад, намедонам. Ҳафт пушти Хадичаро дашном дода, ҷомадонамро гирифтаму дубора ба самолёт нишаста барои ҳамеша роҳи Маскавро пеш гирифтам.

Ғариб

Бисту шаш соли умрам дар Москва гузашт. Бо як русдухтар оиладор шудам, соҳиби як писару як духтар гашта бошам ҳам, тамоми ҳаётам бо нафрат ба Хадичаю ҷинси зан сипарӣ гашт. Хиёнати зани аввалаамро ҳеҷ бахшида натавонистам, ки натавонистам. Поям ба лаби гӯр расида бошад ҳам, гоҳ-гоҳ маро хумори Ватан мегирифт, аз ҳамин хотир чанд рӯз пеш билет харида ба ин ҷо омадам. Ин бозгашт муаммои бузургтарини ҳаётам, муаммои он номаи тақдирсӯзеро, ки зиндагиамро барбод дода, маро аз Ватан бе Ватан ва овораю ғариб кард, фош намуд.

Шиноси ношинос

Ҳанӯз рӯзи дуюми дар меҳмонхона буданам, ба ман гуфтанд, ки духтаре мехоҳад маро бубинад. Қабул намудам. Вақте бо духтари ношинос рӯ ба рӯ шудам, гумон кардам, ки Хадичаи ҷавону зебо дар наздам истодааст. Вай мисли як себи дукафон ба ҳамсари хиёнаткори ман монанд буд. Маро дидан замон селоби ашк аз чашмони духтарак ҷорӣ шуд ва оҳи сард кашида гуфт:

-Падар, ту ноҳақии бузурге кардӣ! Мебинам дар мӯи сарат сафедӣ дамидаасту пириро ба гардан гирифтаӣ. Оё намехоҳӣ охирин хоҳиши як зани мазлум ва дилшикасти дар дами марг бударо иҷро намоӣ?

Ҳайрон шуда пурсидам:

-Духтарам шумо чӣ мегӯед? Ман намефаҳмам, чи хел хоҳиш, кӣ дар дами марг аст?

Духтар дигар чизе нагуфта мактуберо ба ман дароз кард. Ҳанӯз фурсати аз нома чашм кандан наёфта дидам, ки аллакай духтар дар наздам нест. Ана он мактуб.

Амаки Зафар номаро ба ман дароз кард.

Номаи пурдард

«Зафарҷон, ту ба хотири кадом гуноҳам маро талоқ додӣ? Наход ин қадар зуд ишқу муҳаббатамонро фаромӯш карда бошӣ. Вақте амакат хати туро ба ман оварданд, ки дар он ҷавоби маро дода будӣ, онро пинҳон намудам. Боварам наомад, ки ту он суханонро навишта бошӣ. Ман мисли пештара зиндагиамро давом доданӣ будам, зеро мехостам аз забони худи ту ҳарфе бишнавам. Ин сирро аз ҳама пинҳон медоштам, аммо аз куҷое падару модарам огоҳ шуданд ва сахт ба шӯр омада, маро зӯран гирифта оварданду ба як марди занмурда ба шавҳар доданд. Каҳри онҳо аз он хотир буд, ки ту бегуноҳ маро талоқ дода, навиштаӣ, ки дигар бар намегардӣ. Шавҳари дуюмам инсони хуб аст, маро эҳтиром менамояд, аммо ҷои ту то қиёмат дар дили ман холист! Зафар, ман мубталои бемории сил гаштаам ва мехоҳам пеш аз маргам ба як саволам ҷавоб гирам. Шояд аз умрам рӯзҳои башумор монда бошад. Зафарҷон, ман аз ту шикоят надорам, аммо мехоҳам донам, ки чаро, барои кадом гуноҳам ин корро ба ман раво дидӣ??? Касе, ки мактубро бурд, духтарат Нишона аст. (Хадичаи чашминтизор) ».

Амаки Зафар нақлашро давом дода гуфт:

Ман мактубро мехондаму бо овози баланд мегиристам. Намедонистам дар фоҷиаи зиндагии худу Хадичаи ҷигарсӯхтаам киро гунаҳгор намоям. Аз паи аниқ кардани асли воқеа шудам. Фаҳмидам, ҳамаашро фаҳмидам. Фаҳмидаму дилам аз одаму олам монд.

Макри амак

Амакам барои он ки боғу роғ, хонаи боҳашамат, замин ва дигар мероси расман ба номи ман бударо ба бачаҳои худаш диҳад (боғу замин ва ҳавлии боҳашамат аз они падари марҳуми ман буд) ба ман мактуб навишта, занамро ба сабукпойӣ туҳмат кардааст. Вақте ки ин ҳиллааш ба кор нарафту ман талоқи Хадичаро надодам, роҳи дигарро пеш гирифта, аз номи ман ба ҳамсарам хати талоқ навишта додааст, то хонавайрон шуда, дилам аз зиндагӣ хунук шаваду дигар ёди Тоҷикистон ва хонаю дарамро накунам. Амакам пеш аз маргаш ин сирри нангинро ба як дӯсташ гуфта, хоҳиш намудааст, ки аз номи вай аз ман бахшиш талабад.

Ҳеҷ боварам намекардам. “Наход амакам ин қадар одами паст бошад, ки барои пулу мол шуда, ҳаёти як оиларо қурбон кунад?! “ мегуфтам худ ба худ, аммо офтобро рӯйпушу ҳақиқатро пинҳон карда намешудааст.

Мехостам Хадичаро ёфта аз ӯ барои талхиҳое, ки барои ман шуда дар зиндагӣ чашидааст, бахшиш пурсам, вале афсӯс…

Вақте ки мошини ман ба деҳа расид, аллакай тобути ӯ ба сӯи охират медавид…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД