Рӯзи 11-уми апрел яке аз чеҳраҳои хеле маъруфи эстрадаи тоҷик, сарояндаи фариштарӯю булбуловоз Махфират Ҳамроқулова ҷашни милод дошт. Ин зани машҳур, ки замоне садояш дар сар то сари кишвар танинандоз буд, ба синни мубораки 67-солагӣ қадам ниҳод.
Махфират Ҳамроқулова аз зумраи поягузорони мусиқии эстрадӣ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, барои рушду нумӯи эстрадаи тоҷик дар замони Шӯравӣ хизматҳои шоиста намудааст.
Духтари шаҳрӣ
Махфират Ҳамроқулова санаи 11-уми апрели соли 1955 дар шаҳри Душанбе чашм ба олами ҳастӣ боз намуда, меҳри ин шаҳри сарсабзу хуррам бо шири модар дар рагу пайвандаш маъво гирифтааст. Ҳамин буд, ки ҳанӯз аз овони кӯдакию наврасӣ ин паричеҳраи фатиламӯй дар тамоми маҳфилҳои мактабӣ васфи ин шаҳри дилороро менамуд. Азбаски истеъдоди нодир дошт, санъатшиносон ба зудӣ ҷилои ин дурдонаро пай бурданд ва аллакай дар синни 15-солагӣ Махфират қадам ба ҷодаи мусиқии касбӣ ниҳода, узви оркестри овозадори “Гулшан” гашт. Сарояндаи ҷавон дар як муддати кӯтоҳ бо таронаҳои дилнавозу чеҳраи маъсуми малакутӣ ва садои ширадору табассуми малеҳаш дар дилу дидаи хурду калон маъво гирифт, ҳарчанд, ки дар асл касбаш тамоман дигар буд....
Муҳандис ситораи санъат шуд
Махфират Ҳамроқулова аз рӯйи ихтисос муҳандис-инженер аст, аммо меҳри санъат ӯро аз олами техникӣ ба дунёи ҳунар бурда, ситора кард. Муҳандиси ширинсадо бо таронаҳои дилангези орифонаву ошиқонааш дар қалби дилбохтагони савту наво маъво гирифта, ба мисли моҳтобе, ки дар байни ситорагон ҷилои дигар дорад, дар байни ҳунармандони жанри эстрада ҳамеша бо ҷилваи дигар медурахшид. Махфират пас аз Муқаддас Набиева гули сари сабади оркестри эстрадии “Гулшан” буд ва мухлисони бешумораш дар ҳама ҷо ӯро гулборон мекарданд.
Дугонаи ҷонии Алла Пугачева
Чеҳраи малакутӣ-рӯйи барфсон сафед ва ба мисли фаришта зебо, садои махмалин ва нигоҳҳои ошиқкуши Махфирати нозанин аз чашми киноматографистон низ пинҳон намонда, ӯро ба синамо даъват намуданд. Соли 1978 Махфират Ҳамроқулова дар филми ҳунарии “Ошпаз ва артистка” нақш бозида, шӯҳраташ баъди ин филм даҳчанд гашт. Дар ин филм Махфират нақши Зуҳра ном зани зебои сарояндаро бозида, ҳамзамон бо садои мисли овози булбул ширинаш суруд мехонд. Таронаҳои дар ин филм сурудаи ин зебосанами тоҷик он қадар гӯшнавоз ва дилчасп буданд, ки баъдтар он сурудҳоро Алла Пугачева суруда, туфайли ҳамон сурудҳо дар сар то сари СССР машҳур гашт. Ҳамчун арзи миннатдорӣ Алла Борисовна Пугачева Махфират Ҳамроқуловаро ба хонааш ба меҳмонӣ даъват кард ва ҳаминтавр ин ду зани боистеъдод бо ҳамдигар дӯст ва дугона шуданд. Ногуфта намонад, ки примадонна дар сӯҳбатҳояш бо хабарнигорон чандин бор бо меҳру муҳаббат дар бораи ин сарояндаи тоҷик ҳарф зада, аз Махфират Ҳамроқулова ба некӣ ёд кардааст....
Машҳур, вале хоксор
Маъмулан, ҳунармандон вақте шинохта мешаванд, ғурурашон боло мегирад, вале Махфират узви машҳуртарин амсамбли эстрадии Тоҷикистон-Оркестри эстрадии “Гулшан” бошад ҳам, ҳаргиз кибру ғурурро ба худ раво намедид. Ӯ як зани фариштарӯйи самимию заминӣ буд ва пайваста машқ карда, санъату ҳунари худро такмил медод, зеро хуб медонист, ки дунёи мусиқӣ ба мисли кайҳон бе ҳадду канор буда, барои фатҳ намуданаш заҳмати зиёде кашидан лозим аст. Азбаски аз самими дил месуруд, таронаҳояш зуд ба дилҳо нишаста, вирди забони мардум мегаштанд. “Дили манӣ», «Боз бигирям», «Фарёди ишқ», «Сурудам», «Расми оштӣ», «Баҳори лолазори ман», «Тоҷикистон», «Умед», «Соҳиби эъҷоз», «Гули шафтолу», «Лабханди май», «Чашми кӯҳ», «Шаби ошиқон», «Духтари дарё», «Паймон», «Бо ман ҳама баробар», «Хоҳаракам», «Арчаи мо», «Ташна», «Чашми шӯх» аз зумраи беҳтарин таронаҳои Махфират Ҳамроқулова ба шумор рафта, мухлисони зиёде доранд, вале байни сурудҳои ин сарояндаи маҳбуб “Гулҳои Душанбе” мақоми хоса дорад. Ин таронаро хурду калон дӯст медоранд, зеро Махфират онро бо меҳру муҳаббати бепоён суруда, он саршор аз меҳру ифтихор бо шаҳри гулпӯши Душанбе аст.
Оташи хонумонсӯзи ҷанг Бо пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ дар аксари ҷумҳуриҳое, ки ба ҳайати СССР шомил буданд, вазъият тезутунд гашт ва соли 1992 дар Тоҷикистон низ оташи ҷанг аланга зад. Ҳазорон-ҳазор одамон аз тарси ҷони худ ва фарзандону пайвандонашон тарки Ватан ва хонаву хонумон намуда, гуреза мешуданд. Қаторидигар ҳамдиёрони бадбахти худ Махфират Ҳамроқулова низ бо чашмони пуроб аз Тоҷикистон рахти сафар баст.
Амрико-сарзамини орзуҳо ё кишвари санҷишҳои қисмат?
Махфират ҳамроҳи шавҳар ва ду духтари нозанинаш аввал ба Русия ва аз он ҷо ба Амрико рафт. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки дар Амрико дар ҷӯйҳо ба ҷойи об шир равон аст ва аз сари кас ҳамеша доллару евро меборад,вале дар асл чунин нест. Ранҷу азобҳои солҳои аввали муҳоҷират дар ин сарзамин кашидаашро Махфират Ҳамроқулова дар яке аз муҳовараҳояш чунин нақл кардааст:
-Аксарият гумон мекунанд, ки ман пайи ҳавою ҳавас ба Амрико рафтам, вале дар асл ин тавр набуд. Дар Ватани ман, дар ҷое, ки хуни нофам рехта, бо ҳавои мусаффояш ба камол расида будам, якбора оташи ҷанг аланга зад. Ҷанг чь қадар даҳшатнок аст, инро танҳо ҳамон одамоне дарк мекунанд, ки ҷангу хунрезиро аз сар гузаронидаанд ва чь тавр рехтани хуни одамиро бо чашми сар дидаанд. Ман он вақт маҷбур будам, ки ба хотири дар амон мондани ҷони ду фарзандам Душанберо тарк намоям. Бароям бениҳоят душвор буд, зеро чӣ хеле, ки набошад, Ватан-Ватан аст. Одам дар Ватан ба таври дигар-озод нафас мекашад, аммо ман чораи дигар надоштам ва бояд Ватанамро, хонаву дарамро, мухлисони сершумор ва дӯстони ҷониамро партофта мерафтам...
Махфират Ҳамроқулова мегӯяд, дар Амрико касе онҳоро интизор набуд ва ранҷу азобҳои бисёре кашиданд. Аз ҳама мушкилаш ин надонистани забон буд. Ба хотири он ки фарзандонаш аз гуруснагӣ намиранд, ситораи санъати тоҷик Махфират Ҳамроқулова маҷбур буд, ки гузаштаи пурифтихори худро фаромӯш карда, зиндагиро дар Амрико аз нав, аз сифр сар кунад.
-Аз ҳама муҳимаш он рӯзҳо барои ман ҳамчун модар таъмини фарзандонам буд ва ба хотири ду духтарам тайёр будам, ки ҳатто корҳои сиёҳро иҷро кунам, вале бе донистани забон дар Амрико кор ёфтан имкон надошт, аз ҳамин хотир ману шавҳарам –ду одами баркамол ба курсҳои омӯзиши забони англисӣ мерафтем. Кӯдакон тезтар ба муҳити нав одат мекунанд ва духтарҳоям, ки калониаш нав 13-сола буд, барои мо роҳнамо ва муаллим гаштанд...
Махфират мегӯяд, зиндагӣ моро маҷбур кард, ки дар Амрико ҷойҳои худро иваз намоем, духтаронам ба мисли падару модар аз дасти ман ва падарашон гирифта, моро ба курсҳои забономӯзӣ мебурданд, роҳбаладӣ мекарданд. Дар баробари ин ман ба курсҳои парасторӣ мерафтам, то ки ақаллан парастории ягон мӯйсафед ва кампираки беморро бар ӯш гирифта, қути лоямуте ба даст биёрам.
“Ба Амрико аз собиқ кишварҳои СССР одамони зиёде рафта буданд, вале аксарияташон пушаймон шуда, ба кишвари худашон баргаштанд. Ман ҳам ҳамеша аз худам мепурсидам, ки фарзандонамро аз Ватан аз зодгоҳашон ҷудо карда, ба Амрико бурданам магар кори дуруст буд? Ростӣ, чӣ ҷойи пинҳон кардан, рӯзҳое мешуданд, ки дар Амрико аз ночорӣ, аз бекорӣ ва дарду алам мисли кӯдак зор-зор гиря мекардам, вале чораи дигар надоштам, бо кадом роҳе набошад, фарзандонамро бояд таъмин мекардам ва онҳоро ба по мехезондам. Барои ман дигар Махфират ҳамчун сароянда, ҳамчун як зани машҳур вуҷуд надошт.
Гузаштаи пурифтихори худро, шуҳратамро, толори пур аз мухлисони сершумор ва пеши поям гул рехтани ҳаводоронамро ман дар қалбам гӯр кардам, то дар Амрико зиндагиро дубора аз сифр сар кунам”,-мегӯяд ин зани машҳур.
Зане, ки иродаи оҳанӣ дорад
Ҳамин тавр мушкилиҳои зиёдеро дар Амрико пушти сар намуда, пас аз 20 сол Махфират Ҳамроқулова дубора худро ҳамчун санъаткор эҳё намуд. Ин зани қавиирода тавонист дар ин кишвари он сӯйи уқёнус низ ҳамчун ҳунарманд мавқеъ ёбад.
“Ҳамақидаҳоямро ҷамъ карда, ман як гурӯҳи ҳунарӣ ташкил кардам. Мо асбобҳои лозимии мусиқиро харидем ва фориғ аз дигар корҳо баъзан консерт медиҳем. Ба барномаҳои мо бештар шахсоне меоянд, ки аз собиқ СССР ба Амрико рафта, дар дил то ба ҳол хумори Ватан доранд”-мегӯяд ҳунарманди беназир, модари хушбахти ду духтари нозанин ва бибии мерубони 5 набераи дӯстрӯяк Махфират Ҳамроқулова.
(Мавод дар такя ба маълумотҳои сомонаҳои интернетӣ таҳия шудааст.)