Arzon march 2024
Вақте ки корфармо музди меҳнати муҳоҷирро намедиҳад, чи бояд кард?
798


Салом! Бадриддин ҳастам, муҳоҷири меҳнатии тоҷик аз шаҳри Краснодари Россия.

Муддати шаш моҳ аст, ки дар ин ҷо бо корҳои сохтмонӣ машғулем, вале корфармои русамон бо ҳар баҳона музди меҳнатамонро намедиҳад ё аз будааш камтар пардохт мекунад. Азбаски бори аввал ба Русия мардикорӣ омадаам, қонуну қоидаҳои инҷоро чандон хуб намедонам.

Мехоҳам донам, ки оё муҳоҷирони меҳнатии тоҷик метавонанд бо кӯмаки ягон мақомот музди меҳнати худро аз корфармоёни беинсоф рӯёнида гиранд ё не? Ман ва ҳамроҳонам бояд ба куҷо муроҷиат намоем?
Бадриддин аз Краснодар

Посух
Бародари азиз Бадриддин! Мо ба шумо ва дигар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик тавсия медиҳем, ки пеш аз сар кардани кор дар Россия ҳамтан бо корфармо шартномаи меҳнатӣ бандед ва нусхаи онро бо худ нигоҳ доред. Дар сурати пеш омадани ягон нофаҳмӣ, мушкилӣ ё музди меҳнататонро қисман ё пурра надодани корфармо метавонед бо кӯмаки ин ҳуҷҷати муҳим ҳаққи худро тариқи суд рӯёнида гиред.
Ёдрас мешавем, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар шаҳрҳои калони Россия намояндагиҳои худро дорад, ки аз ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дифоъ мекунанд.

Шумо ҳам метавонед ба яке аз ин намояндагиро муроҷиат намоед. Дар зер суроға ва рақамҳои телефони намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистонро дар Россия пешкашатон месозем:

  1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
    2. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (982) 739-89-98;
    3. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (966) 031-22-22;
    4. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
    5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (996) 120-77-77;
    6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (926) 311-52-53Ногуфта намонад, ки дар соли 2023 намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо мусоидати мақомотҳои дахлдори Россия ба маблағи 244 612 402,00 рубл музди меҳнати пардохтношудаи муҳоҷирони тоҷикро аз корфармоён рӯёнида гирифт. Муҳоҷирони тоҷик тавонистанд ҳудуди 30 миллион сомонӣ музди меҳнати худро аз корфармоёни беинсофе, ки бо ҳар баҳона пули онҳоро додан намехостанд, бо кӯмаки ин ниҳод рӯёнида бигиранд.
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД