Духтарчаам нав 4-моҳа шудааст, вале вақтҳои охир бисёр беқарорӣ карда, ангуштонашро мегазад. Шавҳарам мегӯяд, ки шояд дандон барорад, вале ман шунида будам, ки кӯдакон баъди шашмоҳагӣ ба дандонбарорӣ сар мекунанд. Азбаски модари ҷавон ҳастам, ҳанӯз таҷриба надорам, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Ҷамила, н. Рӯдакӣ.
Ҷамилабону, хавотир нашавед, дандонбарорӣ як амри табиӣ аст. Маъмулан кӯдакон дар 6-8 моҳагӣ ба дандонбарорӣ сар мекунанд, вале ин ба ирсият низ вобастагӣ дорад. Организми кӯдак пурқувват бошад, баъди 4 моҳагӣ ҳам дандон бароварда метавонад.
Чаро кӯдак хоб намеравад?
Маъмулан дар давраи дандонбарорӣ кӯдак таб мекунад, бар замми ин, дард ва хориши решаҳои дандон, ки ҳанӯз аз даруни гӯшт берун нашудаанд, намегузорад, ки тифлак орому бароҳат хоб равад. Аксари кӯдакон аз ҳамин сабаб вақти дандонбарорӣ инҷиқ шуда, бисёр гиря мекунанд. Оби даҳони кӯдак шорида, дар ӯ хоҳиши сахти газидан пайдо мешавад. Аз ҳамин сабаб тифлак пистони модарро мегазад ё ангуштони ягон шахси калонсоли дар наздаш бударо ба даҳон бурда, бо тамоми қувваташ газиданӣ мешавад.
Бозичаи резинӣ харед.
Барои он ки дандонҳои ширии кӯдак бе ягон душворӣ бароянд, волидон бояд ба фарзанди худ ёрӣ расонанд. Пеш аз ҳама хориши решаҳои дандонро бартараф намудан лозим аст. Шумо метавонед аз аптека бозичаҳои махсуси резинӣ (прорезывател) бихаред, ки махсус барои давраи дандонбарорӣ пешбинӣ шудаанд. Маъмулан тифлакон бо газидани чунин бозичаҳо хеле оромтар мешаванд. Фақат диққат диҳед, ки бозича аз ягон ҷинси сахт сохта нашуда бошад, то ки решаҳои дандонҳои нозуки кӯдак осеб набинанд. Ҳангоми харид ҳамчунин бозичаро бо ягон рӯймолчаи намнок пок карда, санҷидан лозим аст, ки рангаш мебарояд ё не. Рангҳои сунъӣ (красителы) ба саломатии атфол зарар доранд, бинобар ин, волидон бояд аз харидани бозича ва хӯрданиҳое, ки дар таркибашн рангҳои сунъӣ вуҷуд доранд, худдорӣ намоянд.
Кӯдакро навозиш кунед.
Тавре ки дар боло гуфтем, дар давраи дандонбарорӣ бо сабаби дард ва хориши решаҳои дандон тифлакон бисёр асабонӣ ва инҷиқ шуда, бисёр гиря мекунанд. Хатои аксари волидон дар он аст, ки худро ба даст гирифта натавониста, ба сари тифлак дод мезананд ва кӯшиш мекунанд, ки бо зӯрӣ кӯдакро ором созанд. Ин хатои маҳз аст. Одамчаи хурдакаки шумо давраи душворро аз сар мегузаронад ва ба меҳрубонӣ ниёз дорад, бинобарин, кӯдакро ба оғӯш гирифта, сарашро бо меҳр сила намоед ва навозиш карда, суханони пур аз меҳру муҳаббат бигӯед. Бовар кунед, тифлакон меҳрубониро хеле хуб дарк мекунад. Навзишҳои бо меҳри шумо дарди фарзандатонро кам карда, барои солим ва пурқувват баромадани дандончаҳояш ёрӣ мерасонанд.
Себхӯриро сар мекунем!
Маъмулан дар ин давра дар тифлакон хоҳиши газидану хоидан пайдо мешавад. Шумо метавонед бо як пора бинти тозаи намнок вораҳои дандон (десни)-и фарзандатонро маҳс намоед ё бо сарпӯши махсус (насадка) ин амалро анҷом диҳед, то ки хориш камтар шавад. Роҳи аз ҳама хуб ба кӯдак себ додан аст. Албатта мо гуфтанӣ нестем, ки як себи бутунро ба даҳони кӯдак гузоред. Метавонед як пораяки себро ба дасти кӯдак диҳед, то ки оҳиста-оҳиста макидан гирад. Дар баробари сахт буданаш себ ҳамчунин хушмазза буда, аз витаминҳо саршор аст ва ба саломатии тифлакон фоида дорад. Фақат эҳтиёт шавед, ки тифлак ягон пораи калони себро канда фурӯ набарад, чунки эҳтимоли дар гулӯи кӯдак дармонданаш вуҷуд дорад. Дар гаҳвора ба кӯдак себ ё ягон хӯрдании дигар додан қатъиян манъ аст!
Ҳамроҳи хирсак алла мекунем
Мабодо кӯдак шабона бисёр инҷиқӣ мекарда бошад, ягон бозичаи махмалинро дар кати хобаш гузоред. Албатта то хобаш бурдан тифлак бо ин бозича овора шуда, кӯшиши газидани онро мекунад. Хирсаки махмалин оби даҳони кӯдакро ҷаббида мегирад ва аз сурхшавии манаҳи фарзанди шумо пешгирӣ менамояд.
Дору ва гелро бе маслиҳати духтур нахаред!
Аксари волидон, хоса модарони ҷавон бо маслиҳати дугона ва дӯстони худ дар давраи дандонбарорӣ ба фарзандашон ҳар хел доруҳои гӯё оромкунанда медиҳанд ва ба вораҳои дандон гелҳои гуногунро мемоланд, ки ин хатои маҳз аст. Гап дар сари он аст, ки организми кӯдакон бисёр ҳасос мебошад ва дору ё гел метавонад боиси пайдоиши аллергия гардад. Гел ва доруҳои таскинбахшро танҳо бо тавсияи табиби кӯдакона истифода бурдан мумкин аст. Мабодо табби кӯдак баланд шавад, метавонед ба баданаш оби ҷӯшидагии ширгарм молед ё ягон доруи дигари пасткунандаи таб диҳед. Дар ин ҳолат модар бояд ҳушёр бошад ва табби тифлро тез-тез санҷида истад. Мабодо табби кӯдак ба 38 дараҷа расад ё аз ин ҳам баландтар шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Азбаски тифлакон вақти дандонбарорӣ даст ва ангуштонашонро мемаканд, эҳтимоли ба организми кӯдак афтидани ягон инфексия вуҷуд дорад. Бепарвоии волидон дар ин ҳолат метавонад боиси ба ягон бемории дигар гирифтор гаштани тифл гардад.
Ба хӯроки тифл диққат диҳед
Маъмулан аз 4-6 моҳагӣ ба додани ғизои иловагӣ ба тифлакон сар мекунанд. Дар даврае, ки кӯдак дандон мебарорад, ба хӯрокаш диққати ҷиддӣ диҳед ва кӯшиш кунед, ки ғизои тифл аз витамин ва микроэлементҳо, махсусан калций бой бошад. Барои пурқувват шудани устухон ва дандонҳои кӯдак ин модда бисёр муҳим аст.
Давоҳои халқӣ
Барои паст кардани шиддати дард ва хориши вораҳои дандон аз давоҳои халқӣ низ истифда бурдан мумкин аст. Метавонед каме асалро дар об ҳал карда, бо докачаи тоза ба вораҳои дандон молед. Бобуна низ бисёр муфид аст. Як қошуқи ин гиёҳро каме ҷӯшонед ва докаеро дар ин об тар карда, вораҳои дандонро бо он маҳс намоед.