Исмамро махфӣ нигоҳ медорам, зеро метарсам, ки баъди нашри мактубам дӯстонам масхараам мекунанд.
Сабаби ба шумо муроҷиат намуданам мушкилест, ки дербоз азобам медиҳад.
Ман чанд моҳ пеш оиладор шудам. Занамро дӯст медорам ва тамоми нозу нузашро мебардорам, аммо ҳамсарам духтари зебою дилкаш бошад ҳам, бисёр сард ва мардгурез аст. Аз тӯямон ҳанӯз шаш моҳ нагузашта, мисли кампиру мӯйсафеди 70 сола дар як хона бегонавор зиндагӣ мекунем.
Дилам аз оиладорӣ сард гашта истодааст. Дӯстонам мегуфтанд, ки ҳељ гоҳ бо духтаре, ки намешиносиву намедонӣ хонадор нашав, вале ман гапи калонсолонро гирифта ба чунин рӯз гирифтор шудам.
Арӯсам ба ғайри мардгурезиаш ноӯҳдабаро низ ҳаст. Аз ӯҳдаи ягон кори занона намебарояд. Модарам мегӯянд, ки ҳоло љавон аст ва оҳиста-оҳиста ҳама корро ёд мегирад, вале ман аз зани гирифтаам сахт пушаймонам. Маслиҳатам диҳед, чӣ кор кунам?
Хонандаи «Оила»