Вақте дар мавриди дилхоҳ буҳроне суҳбат мекунем, бояд дар бораи сабабҳои ба миён омадани он истода гузарем. Сабаби асосии ҷангу ҷидол ва бесуботӣ дар аксари кишварҳои мусулмоннишин хурофотпарастиву ҷаҳолат мебошад, ки пайваста аз ҷониби гурӯҳҳои ифротиву террористӣ тарғибу амалӣ мешавад. Чунин гурӯҳҳо ба илму фарҳанг аслан рағбат надошта, баръакс душмани ашадии илму фарҳанг мебошанд. Зеро вақте дар ҷомеа илму фарҳанг арзиши худро гум кунад, ҷои онро хурофоту ифротгароӣ мегирад. Хурофоту ифроте, ки ба нобудии давлату миллат оварда мерасонад. Аз хурофот то экстремизм ва терроризм фосила як қадам аст.
Ин ҳама бояд барои мо низ дарси ибрат бошад. Зеро инсони мусулмон ба ҳеҷ ваҷҳ ҳақ надорад, ки дидаву дониста нисбат ба тақдири ватану миллати худ бепарвоӣ кунад. Дониста бошем, ки хатар ба давлати миллии тоҷикон ин хатар ба миллат, ба хонадон, ба зану фарзандон, ба ҳар яки мову шумо мебошад. Агар мову шумо бетарафӣ пеша кунем, ҳеҷ гоҳ аз ин хатар эмин нестем.
Пешвои миллат дар Паёми худ ба масъалаи хурофотпарастӣ таваҷчуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, зарари онро барои ҷомеа ва махсусан барои насли ҷавон таъкид намуданд: «Хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад».
Дар ҳақиқат, бо хурофот ҷомеаро пеш бурдан ғайриимкон аст. Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, пойбанди хурофот ва фарҳанги бегона будан маънои беэътиноӣ, бемасъулиятӣ ва бетарафӣ нисбат ба ояндаи Ватану миллатро дорад.
Бояд тазакур дод, ки ватани моро ғайр аз худи мо каси дигар обод намекунад, чунки ин Ватан аз мост ва тақдири имрӯзу фардои он низ дар дасти худи мост.
Бинобар ин, мо – соҳибватанон бояд сарҷамъу аҳлона заҳмат кашем, Ватанамонро обод созем ва ба наслҳои оянда як мулки ободу давлати пешрафта ба мерос гузорем. Ин талаби замон, тақозои нангу номус, нишонаи соҳибватанӣ ва шарти ватандорист!
Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем. Моро лозим аст, ки ҳама чун як тан дар зери ливои миллат муттаҳид бошем, сарбозу сарсупоридаи Ватан бошем ва сулҳу суботи кишварамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Зеро дар замони вазъи буҳронии минтақава бархӯрдҳои шадиди фарҳангӣ маҳз даст ба дасти ҳам додан, аз як гиребон сар баровардан ва ободу хуррам нигоҳ доштани сарзамини аҷдодӣ ягона роҳи наҷот ва эмин мондан аз чунин гирдобҳои пурталотум аст.
Худоро шукр, имрӯз амну осоиштагии мо барқарор аст ва ин ҳама моро водор ба шукргузорӣ мекунад. Зеро тавре дар ҳадиси саҳеҳи Паёмбари акрам (с) мехонем:
“Касе шукргузори мардум нест, Худоро шукргузорӣ намекунад”. (ривояти Бухорӣ).
Ин неъмати тинҷиву осудагие, ки дорем, ба амну баракати хизматҳои шабонарӯзии ҷавонмардони ҷонфидои Ватан - Сарбозони бонангу номус ҳастанд, ки барои осудагии мо сина сипар мекунанд. Ба қавли шоир:
То бихобад миллате осуда дар болини ноз,
Аскаре бояд, ки санги хораро бистар кунад.
Воқеан, хеле кори бошарафона ва ҷавонмардона аст, вақте инсон барои ҳимояи нангу номусаш, барои ҳимояи хонаи ободаш, ки Тоҷикистон аст, иқдом мекунад. Имрӯзҳо, ки даъвати Баҳории наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар давом дорад, мо аз тариқи телевизион мушоҳида мекунем, ки ҷавонмардони бағайрату баномуси мо ба даъвати Модар-Ватан лаббайк мегӯянд. Бо истифода аз ҳамин фурсат, биёед дасти дуо бардорем ва аз даргоҳи Худованд барои ҳамаи наваскарон тану ҷони солим, ақли расову зеҳни гиро ва хизмати содиқона ба манфиати миллату давлатро орзу намоем.
Мо борҳо иброз доштаем, ки ҳифзи Ватан дар таълимоти Ислом аз ҷойгоҳи муътабаре бархӯрдор аст. Дар таълимоти шариат ибораи маъруфе мавҷуд аст, ки дӯст доштани Ватанро ба ҳама воҷиб мегардонад: «Ҳуббу-л-ватани мина-л-имон», яъне дӯст доштани ватан аз имон аст. «Ҳуббу-л-ватан» дӯст доштани Ватан аст, муҳофизати Ватан аст, хизмати Ватан аст, обод кардани он аст, садоқат ва ростӣ аст.
Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон