shoh palace
ВАҚТЕ ФАВТИ БЕМОРОН БАРОБАР БА СИФР ШУД, БАЪД КОРАМРО МУСБАТ МЕҲИСОБАМ!
2785

Вазири нави тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Абдуллозода Ҷамолиддин, дар давраи паҳншавии пандемияи коронавируси КОВИД – 19 Насим Олимзодаро иваз кард, зимни суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфтааст, ки пешгирӣ ва паҳншавии хатари ин вирус дар кишвар таҳти назорати бевоситаи вазорат буда, тибқи оморҳо он рӯз то рӯз кам мешавад. 

“Бо назардошти корҳои муҳими ташкилию безараргардонӣ барои пешгирии ин беморӣ мо дар маҷмӯъ, тавонистем вазъиятро таҳти назорат дошта бошем. Дар акси ҳол роҳандозии карантин дар кишвар ногузир мешуд. Агар миқдори зиёдтарини сироят - 210 нафар рӯзи 21 май ба қайд гирифта шуда бошад, аз он рӯз гирифторӣ пайваста кам шуда, то 123 нафар поин омад, ки ин тамоюли умедворкунанда аст. Яъне тамоюли устувор”, - гуфтааст ҷаноби Абдуллозода.

Вазир ҳамзамон дар бораи омори фавт ва табобати ин беморӣ изҳори назар карда, зикр кардааст, ки дар манзари фоҷиаи дигар кишварҳо, ки садҳо ҳазор шаҳрвандонашон қурбону гирифтори ин вабо мегарданд, рақамҳои мо ба назар намоён нестанд. "Фавт аз ин беморӣ торафт кам мешавад. Лекин шахсан ман худро намебахшам, ки аз 3930 гирифторон мо 47 нафарро наҷот дода натавонистем, ҳарчанд муборизаи шадид барои ҳаёти ҳар як бемор мекунем. Ҳамон вақте ки дар муқобили сатҳи фавт рақами сифр сабт шуд, танҳо ҳамон вақт ман кори худро ҳамчун вазир мусбат ҳисоб мекунам”. 

Абдуллозода ҳамчунин гуфт, ки имрӯз барои табобати гирифторони коронавирус ҳама шароитҳо мавҷуданд. Аз ҷумла, дорувориҳо мерасанд ва новобаста аз минтақа дар пайи дархости беморхонаҳо фавран ба онҳо дастрас мешаванд.

Ба таъкиди Ҷамолиддин Абдуллозода пандемия нишон дод, ки бояд дар маркази вилоятҳо ва шаҳрҳои калонтарини кишвар лабораторияи муайянкунандаи вирус ташкил намоем, то дар вақти зарурат имконияти гузарондани тестҳои фавриву оммавӣ дошта бошанд. “Яке аз муҳимтарин вазифае, ки назди вазорат истодааст, ҳалли ҳамин масъала аст”, - гуфт вазир. 

Шоми гузашта вазорати тандурустӣ шумораи сироятшудагонро ба ин вирус 87 нафар эълон кард. Шумори умумии беморон то 2-юми июн ба 4100 нафар расид. Ба иттилои расмии вазорат то ин дам 2217 кас шифо ёфта, дар тақрибан як ҳафтаи охир касе бар асари он нафавтидааст. Теъдоди умумии фавтидагон аз вируси COVID-19 дар Тоҷикистон 47 нафар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД