Formula novemver 2024
Ватандӯстӣ нишонаи имондорист!
853
Ватандӯстӣ нишонаи имондорист!


Ҳифзу ҳимояи Ватан аз нигоҳи дини мубини Ислом ҷойгоҳи хосе дорад ва Худованди мутаъол мусалмононро ба ҳифзи марзу буми ватани худ амр кардааст.

Барои ҳар яки мо ҳам фарзу ҳам қарз аст, ки нигаҳбони сулҳу субот, тинҷиву оромии ватани худ бошем, зеро дар ояти охирини сураи “Оли Имрон” Парвардигор мефармояд:
«Эй муъминон, сабр кунед ва дар сабр қадам устувор доред ва омода бошед ва аз Худо битарсед, бошад, ки растагор шавед!»
Муфассирон мегӯянд, ибораи “ва робиту”, яъне “омода бошед” дар ҳаққи марзбонон гуфта шудааст, яъне ин дастур барои ҳар як мусулмон аст, ки шумо дар ҳимояи марзу буми ватан омода бошед.


Имсол дар кишвари мо 29-умин солгари таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Артиши миллии ҳар давлат нишони иқтидори ҳамон давлат аст. Мақсад аз таъсиси артиш дар ҳама давру замон ҳимояи давлат ва марзу буми Ватан мебошад. Миллати соҳибтамаддуни тоҷик аз қадимулайём соҳибдавлату соҳибартиш будааст ва тибқи шаҳодати таърих аҷдоди мо бори аввал ҳанӯз дар даврони давлатдории Ҳахоманишиён артиши касбӣ ташкил намуда буданд. Артишҳои давлатҳои Сосониён ва Сомониён дар замонашон яке аз пурқудраттарин артишҳо ба шумор мерафтанд.


Гузашта аз ин, мавзуи санъати ҳарбӣ бо мақсади муҳофизати марзу буми аҷдодӣ аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳои бегонагон дар эҷодиёти шоирону нависандагони гузаштаву муосири мо ҳеҷ гоҳ дуюмдараҷа набудааст. Ҳаким Фирдавсии бузург дар «Шоҳнома» таърихи илми ҳарбиро аз қадим то асри даҳи мелодӣ ба тариқи назм тасвир намудааст. Тасвири ҷанг ва сулҳро Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мансури Муборакшоҳ ва дигарон ба авҷи аъло расонидаанд. Ҳамаи ин далел ба он аст, ки мавзӯи ҷанг бо мақсади ҳифзи марзу буми Ватан ва таълими низомӣ қисми ҷудонашавандаи маърифати маънавии миллати бостонии мо будааст.


Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз соҳиби истиқлол шудан яке аз аввалин кишварҳое буд, ки Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард. Дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъият дар ин самт ниҳоят душвор буд. Дар ин гуна вазъият артише лозим буд, ки давлату миллатро муҳофизат карда тавонад. Бо ҳамин мақсад баъди ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳадафи олиашон наҷоти давлату миллат аз парокандагӣ буд, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҳамаи мо медонем, ки дар санаи 16-уми ноябри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ интихоб шуданд ва аллакай 18 декабри соли 1992 Қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Сарвари давлат бо таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ҳадафи ҳарчи зудтар аз байн бурдани беҳокимиятиву беқонуниро доштанд.
Хушбахтона, имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мушкилиҳоро паси сар намуда, ба сӯйи қуллаҳои баланд ҳаракат карда истодааст.
ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Худованд барои мо ато кардааст. Пайғамбари Худо (с) ватандӯстию ватандориро яке аз нишонаҳои имондорӣ номидааст:
Алоқа ва муҳаббат ба Ватан аз нишонаҳои имон аст”.
Муҳимтарин чизе, ки имрӯз аз ҳар яки мо тақозо мешавад, ин ҳушёриву зиракӣ аст. Тибқи ҳадиси саҳеҳи Паёмбар (с) “Инсони муъмин аз як сӯрох ду бор газида намешавад”.
Ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як инсон ва тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Аҷдодони мо ин ҳувияти миллиро ҳамеша тарғибу таблиғ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлати хеш ҷони худро дареғ надоштанд. Нишонаи ҷавонмардию ҳимоягарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аҷдодони мо аз хурдсолӣ ба мо омӯзонидаанд, ки он дар хуни мо ҷорист. Мо бояд дарк намоем, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва дар ин мактаби шуҷоат дарси мардонагӣ омӯзем.


Ҳомидов Абдулвоҳид,
мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД