- Э воооой, ба оина нигаристан замон дилам сиёҳ мешаваду тамоми вуҷудамро ғам фаро мегирад. Эҳсос мекунам, ки маро пирӣ ба чанголи худ мекашад. Фикр мекунам ожангҳои рӯям ҳам рӯз аз рӯз зиёд мешаванд. Нав 28-сола шудаму чеҳраам зани 40 соларо мемонад...
Париваш ба оина нигариста норозиёна худ ба худ баҳсу мунозира мекард. Як-ду ожанги ба рӯяш афтода ӯро ғамгину маъюс карда буд.
- Эҳҳҳҳ чӣ кор кунам, ки ожангҳову доначаҳои рӯям нест шаванд? Чӣ кор кунам, ки зеботар шавам?,- суол мекард аз худ.
Муборакхола аз тирезаи айвон чеҳраи ғамгини келинашро дида ҳайрон шуд. Ӯ боре ҳам келинашро чунин афсурдаву парешон надида буд.
- Фаридуну Париваш магар ҷанг карданд? Ба ин зану шӯйи хушбахт чӣ шуд. Аз байнашон қил намегузашту якбора фил гузашт чӣ? Чаро ба оина нигариста худ ба худ гап мезанад ин келин. Тавба-тавба, ё ҷин пин зада девона шуда бошад,- гуфта кампир аз ҷояш хесту берун баромад.
Хушдоман як-як ба гирду атрофи ҳавлӣ нигаристу корҳои аз саҳар кардаи келинашро назорат карда, оҳиста-оҳиста назди Париваш омад. Келинчак ҳамоно ба оина менигаристу ожангҳои руяшро афсурдаҳолона мешуморид.
- Ҳой келин,- гуфтани хушдоман ӯро ба худ овард.
- Э ассалому алайкум модарҷон. Субҳатон ба хайр бошад! Нағз хоб карда хестед?,- аҳволпурсӣ кард келин.
-Ман ку нағз, асп барин, лекин ба Шумо чӣ шуд? Чаро ин қадар ғамгин метобед? Қариб ним соат мешавад, ки ба оина нигариста худ ба худ гап мезанед. Ё Фаридун Шуморо ранҷонд?,- хавотиромез пурсид хушдоман.
- Не, модарҷон, ҳамааш хуб аст.
- Пас чаро ин қадар афсурдаҳол метобед. Ман Шуморо боре ҳам чунин ғамзада надида будам.
- Модарҷон, фикр мекунам рӯям рӯз аз рӯз пурожанг мешаванд. Ба чеҳраам нигаред гӯё, ки нодида ҷавонӣ пир шудам. Агар ҳол чунин рафтан гирад, бешавҳар монданам аниқ, - иони ихтиёр аз даст дода гирист Париваш ва афзуд,- бар замми ин равған гирифта фарбеҳ мешавам.
- Ё тавба, шумо чиҳо мегӯед. Кас шуморо дида гумон мекунад, ки духтарри қадарасед, ҳеҷ кас намегӯяд, ки ин келин асту соҳиби як писар. Ғайр аз ин шумо фарбеҳ ҳам нестеду ожанг ҳам надоред.
- Модарҷон, илтимос барои тасаллӣ додани ман ин гапҳоро нагӯед. Бе ин ҳам писаратон аллакай тағйир ёфтаанд. Шабҳо бо баҳонаи кор ба хона дер меоянд. Худо медонад клуб ба клуб ҳамроҳи духтарони химчамиён кайфу сафо карда гаштагиянд.
- Оббо келине 28-сола шудеду ҳанӯз ҳам монанди кӯдакон фикр мекунед. Аҳволатонро дида гумон кардам ягон мусибати сахт ба саратон омадааст. Магар писарам аз Шумо шикоят кард? Дар бораи ҳусну ҷамолатон ягон чиз гуфт?
- Не, албатта.
- Пас чаро чунин фикр мекунед? Аз ёдатон набароред, зан зебост дар кадом сину сол набошад ҳам. Ғайр аз ин писарам ҷавони ҳарҷогард нест. Ин суханонатонро шунавад аз Шумо сахт меранҷад. Фикрҳои бемаъниро аз саратон дур кунед. Ман аз доштани Шумо барин келини донову чаққону гапдаро ва зебову кушодчеҳра ифтихор мекунам. Писарам ҳам. Ҳар рӯзу ҳар соат Шуморо таъриф мекунаду тавсиф. Шумо бо одобу ахлоқ ва муносибати некатон аз ҳама фарқ мекунед, - хушдоман дуздона ба чор тараф нигаристу сарашро каме хам карда ба гӯши келинаш наздик овард ва афзуд, - ҳатто аз авсунатон ҳам. Ҳар рӯз аз кор омадани шавҳаратонро бо либосҳои наву ҳархела, чеҳраи кушод, табассуми зебо ва сухани ширин пешвоз мегиред. Ростӣ ҳар зан, ҳатто ман ба Шумо ҳавас мекунам. Ҳамзамон ҳар рӯзи Худо хӯроку хӯришҳои болаззат омода карда, вақти ӯрову моро хуш месозед. Кадом мард чунин ҳамсари идеалро монда клуб ба клуб мегардаду ба дигарон чашм ало мекунад!?,- келинашро суолборон карда пурсид Муборакхола.
Париваш нохуни дастонашро хоида, ба фикр фурӯ рафт, вале...
(Давом дорад)
АРДАШЕР