Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи нақлиётие хабар медиҳад, ки дар паи он ҳамсари ронанда ҷони худро аз даст додааст. Ин ҳодисаи хунин дар 15 километрии роҳи мошингарди "Душанбе-Чаноқ- Варзоб ба вуқуъ пайваста, як хонаводаро мотамзада кард.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, як ронандаи 48-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳроҳи Душанбе-Чанок-Варзоб аз ӯҳдаи идора кардани ”Хундай Авента" набаромада, дар натиҷа мошин аввал ба автомашинаи тамғаи "Опел Астра", баъдан ба “Тико"бархӯрда, сипас ба соҳили дарёи "Варзоб" сарозер шудааст.
Дар ин садамаи қисматсӯз ҳамсари ронандаи Хундай-Авента ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҷони худро аз даст дод, ҳолати худи ронанда низ вазнин арзёбӣ мешавад.
Тафтишот аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.