Варзишгарони тоҷик дар 1 сол
140 медали тилло ба даст оварданд
Яке аз роҳҳои муассири муаррифӣ намудани давлат дар арсаи ҷаҳон иштироки фаъолонаи варзишгарон дар мусобиқоти байналмилалӣ мебошад. Соли 2025 беш аз 1500 нафар варзишгарони тоҷик, ки 450 нафарашон бонувони узви дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон аз намуди олимпӣ ва ғайриолимпӣ мебошанд, дар 112 мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат варзида ба хазинаи варзишии кишвар 510 медал ворид намудаанд. Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар додааст.
Тавре ки дар варақаи матбуотии ин ниҳод омадааст, аз 510 мебали ба даст овардаи варзишгарони тоҷик 140 медали тилло, 166 нуқра ва 204 медилҳои биринҷӣ мебошанд.
Ба хотири дастовардҳои варзишгарони тоҷик суруди миллии Тоҷикистон 140 маротиба дар мусобиқоти байналмилалӣ садо додааст, ки боиси ифтихор мебошад.