Ҷудокори тоҷик Муҳиддин Асадуллоев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо комёбӣ ба даст оварда, соҳиби медали биринӣ гашт.
Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи ҷудо байни ҷавонон дар шаҳри Душанбе идома дорад. Дар рӯзи дуюми мусобиқа варзишгарон аз рӯи 3 вазн: -57, -63 кг байни духтарон ва -73 кг байни писарон рақобат намуданд. Аз Тоҷикистон дар ин вазнҳо 5 нафар варзишгарон маҳорати худро нишон доданд, вале аз байни онҳо танҳо ба Муҳиддин Асадуллоев муяссар гашт, ки дар вазни то 73 кг ғолиб омада, сазовори медали биринҷӣ гардад.
Ҳамин тавр дар рӯзи дуюми Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи ҷудо дар шаҳри Душанбе дар вазни -57 кг Рико Ҳонда аз Ҷопон, Ююнг Тао аз Чин, Бианса Рейс аз Бразилия ва Каролина Сиенника аз Полша ғолиб омаданд. Дар вазни -63 кг бошад Мелкиа Аучекорне аз Фаронса, Руссо Савита аз Италия, Анна Скалса аз Чехия ва Со Моричика аз Ҷопон комёб гаштанд. Дар вазни -73 кг кейто Хира аз Ҷопон, Юсуке Текейчи, Муҳиддин Асадуллоев аз Тоҷикистон ва Мардон Равшанов аз Узбекистон пирӯзӣ ба даст оварданд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон дар шаҳри Душанбе аз 2 то 6-октябр идома хоҳад ёфт. Дар мусобиқа 531 нафар варзишгарон аз 67 давлат иштирок дошта, 290 нафарашон мардон ва 241 нафар бонувон мебошанд.
Ғолибони чемпионат дар баробари медал ҳамчунин бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Барандагони медали тилло соҳиби 2500 евро, нуқра 1500 евро ва медали биринҷӣ 850 евро хоҳанд гашт.