Варзишгари тоҷик Сомон Амонов дар мусобиқаи байналмилалии рейтингии Федератсияи байналмилалии теннис Andijan Cup ITF J30 соҳиби ду медали тило гардид.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, мусобиқаи байналмилалии рейтингии Федератсияи байналмилалии теннис Andijan Cup ITF J30 дар шаҳри Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.
Сомон Амонов дар рақобатҳои инфиродӣ бо гузаштан аз марҳилаҳои мусобиқа ба даври финалӣ роҳ ёфта, варзишгари Ҷумҳурии Ӯзбекистон Никита Ғафуровро бо ҳисоби 4:6, 7:6(3) ва 6:3 шикаст дода, ба гирифтани медали тило ва ҷойи якум мушарраф гардидааст.
Варзишгари тоҷик инчунин дар сабқати ҷуфтӣ дар якҷоягӣ бо намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Никита Ғафуров дар бозии финалӣ бар варзишгарони Ҷумҳурии Қазоқистон Диас Тулепбергенов ва Ҳақназар Жеткербай бо ҳисоби 6:7(6), 7:5, 10:7 пирӯз шуда, дар ин мусобиқа медали дуюми тилоро соҳиб шудааст.