1xbet
Варзишгари тоҷик дар мусобиқаи Осиё ду медали тилло гирифт
98

Фирӯз Маҳмадов, варзишгари 33-солаи тоҷик дар мусобиқаи Осиё оид ба бадансозӣ ё бодибилдинг дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон соҳиби ду ҷоиза шуд.

Ӯ дар риштаи бадансозӣ дар вазни 65 кг ҷойи аввал ва дар риштаи пайкари классикӣ “Classic Physique” низ дар вазни 75 кг ҷойи аввалро гирифта, соҳиби ду медали тилло шудааст. Дар ин мусобиқа варзишгарони шаш кишвар, аз ҷумла варзишгарони Осиёи Марказӣ иштирок кардаанд.

Дар ин бора худи варзишгар ба сомонаи Oila.tj хабар дода, афзуд, ки санаи 7-уми июн дар ин мусобиқа иштирок карда, сазовори медал гаштааст. Ба гуфтаи худи варзишгар, дар ин риштаи варзиш 10 сол боз тамрин мекунад ва ба мураббигӣ низ машғул аст.

Бояд гуфт, ки Фирӯз Маҳмадов дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ соли 2022 дар шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи аввал ва медали тилло гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2003 Федератсияи бодибилдинг дар Тоҷикистон таъсис ёфта, сол ба сол шумораи аъзои он зиёд мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД