Акмал Қодиров устоди дараҷаи байналмилалӣ ва ҷоизадори бисёркаратаи қаҳрамонии ҷаҳон буда, солҳост, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ дар риштаи варзиши дастхобонӣ (армрестлинг) миёни варзишгарони маълул муаррифӣ мекунад. Ӯ дар ин баробар бо варзиши сабуки гулӯлапартоӣ машғул буда, дар ин самт низ борҳо пирӯзӣ ба даст овардааст.
Садамае, ки роҳи ояндаро боз намуд
Акмал Қодирови 43-сола зодаи шаҳри Истаравшан буда, солҳост, ки бо варзиши сабуки дастхобонӣ машғул аст. Ӯ соли 2000-ум дар натиҷаи садама аз як пой маҳрум гардида, ҳоло маъюби гурӯҳи дувум мебошад. Худи ҳамон сол Акмал барои гузоштани пойи сунъӣ ба шаҳри Душанбе мераваду он ҷо якчанд муддат табобат мегирад. Зимнан дар ҷумҳурӣ аввалин мусобиқаи варзишӣ миёни маълулон баргузор мегардад. Раиси вақти Федератсияи маъюбони Тоҷикистон равоншод Саидмурод Низомов ба бемористон омада, даъват мекунанд, ки ба мусобиқаи варзишӣ миёни маълулон иштирок намояд.
«Вақте устод шодравон Саидмурод Низомов пешниҳод карданд, ки дар мусиқобиқаи варзишии дастхобонӣ иштирок намо, розӣ шудам. Дар мусобиқаи дастхобонӣ, ки аввалин маротиба дар кишвари мо баргузор мешуд, бори нахуст иштирок карда, чемпиони Тоҷикистон шудам. Дар гӯшаи хаёлам набуд, ки ба соҳаи варзиш рӯй меораму дар аввалин қадами гузошта чемпиони мутлақи Тоҷикистон мегардам”,- ба ёд овард қаҳрамони мо.
Пирӯзиҳои Акмал Қодиров
Акмал Қодиров аз нахустин рӯзи ба варзиш рӯй оварданаш муваффақ шуд. Бо мурури замон дар мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат варзида, пирӯзӣ ба даст овард. Қаҳрамони мо мегӯяд, ки ӯро дар ин самт устодаш Искандар Тӯраев ва мураббии (тренер)-и мунтахаби Тоҷикистон Зокир Комилов раҳнамоӣ кард.
«Вақте Искандар Тӯраев аз Англия омаданд ва фаҳмиданд, ки аз рӯйи варзиши дастхобонӣ қаҳрамони Тоҷикистон шудам, маслиҳат доданд, ки ҳамин намуди варзишро идома диҳам ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок кунам. Бо пешниҳоди он кас дар мусобиқаҳои варзишӣ дар сатҳи байналмилалӣ ширкат варзидам»,- зикр кард ҳамсуҳбати мо.
Ҳамин тавр, Акмал Қодиров бори нахуст дар Ҷумҳурии Булғористон Тоҷикистонро муаррифӣ намуд ва ғолиб омад. Сипас дар мусобиқаҳо дар кишварҳои Русия, Амрико, Аморати Муттаҳидаи Араб, Эрон, Чин, Итолиё, Ҷопон, Лаҳистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва даҳҳо кишварҳои Осиёву Аврупо Тоҷикистонро намояндагӣ карда, борҳо пирӯзӣ ба даст овард. Ҳамзамон, Акмал соли 2014 дар Лаҳистон (Полша) миёни маълулон ғолиб гардида, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шуд.
Мусобиқаи байналмилалӣ бахшида ба 40-солагии Акмал Қодиров дар Маскав
Соли 2022 ба ифтихори 40-умин солгарди умр ва 20-солагии фаъолияти варзишии Акмал Қодиров дар пойтахти Федератсияи Русия - шаҳри Маскав мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯйи намуди дастхобонӣ баргузор шуд. Дар он варзишгарон аз кишварҳои зиёд иштирок намуданд. Мусобиқаи мазкур бо дастгирии раиси Федератсияи маъюбони Русия В. В. Зайтсев ва сармоягузории Федератсияи армрестлинги ин кишвар баргузор гардид.
«Барпо кардани як мусобиқаи бошукӯҳи байналмилалӣ, ки бахшида ба фаъолияти як варзишгари тоҷик аст, нишонаи бузурги эҳтиром ба ин миллат мебошад. Вақте ман расмҳо, овезаҳо ва бакалҳои хотиравиеро, ки дар он расми банда инъикос ёфта буд, дидам, маро як эҳсосоти гуворое фаро гирифт. Зеро дар туҳфаҳои хотиравие, ки ба меҳмонон тақдим гардид, номи Тоҷикистон зикр ёфта буд»,- хушҳолона иброз дошт варзишгар.
Маъруфтарин намуди варзиш
Дастхобонӣ аз маъруфтарин намудҳои варзиши сабук аст. Кам нафарон бо ин навъи варзиш машғул бошанд ҳам, аксарият барои озмудани қувваи якдигар аз ин усул истифода мекунанд. Мувофиқи ривоятҳо, таърихи пайдоиши он ба даври сарлашкари Юнон Искандари Мақдунӣ рост меояд. Тибқи ривоят, замоне миёни лашкари Искандари Мақдунӣ ва душмани ӯ баҳсу мунозирае сар мезанад. Дар натиҷа онҳо машварат мекунанд, ки ду паҳлавонеро интихоб намуда, миёни ҳам бе тиру туфанг ва шамшеру ханҷар муҳориба намоянд. Онҳо ҳамин дастхобониро интихоб мекунанд. Сипас паҳлавонон болои ду зини асп қувва меозмоянд. Саранҷом паҳлавони юнонӣ ғолиб меояд ва пирӯзӣ насиби онҳо мегардад. Ба зудӣ ин миёни омма паҳн мешавад ва навъи варзиши дастхобонӣ бо номи "Искандарбек" маъруф мешавад.
Акмал Қодиров қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистону ҷаҳон
Акмал Қодиров то имрӯз ба дастовардҳои зиёди варзишӣ ноил гардидааст. Мавсуф 30 карат қаҳрамони Точикистон - 15 маротиба миёни маъюбон ва 15 маротиба миёни солимон гардидааст. Илова бар ин 15 карат қаҳрамони Осиё, 9 карат ҷоизадори мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ва иштирокдори Бозиҳои олимпии Токио буда, аз соли 2008 дорандаи унвони «Устоди дараҷаи байналмилалӣ» мебошад. Ин варзишгари маъруфи тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии «Харгӯши тилоӣ» низ ширкат варзида, сазовори ҷойи аввал гардидааст. Ҳамзамон, қаҳрамони мо борҳо ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон, ки ҳамасола аз ҷониби Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиши ҷумҳурӣ дар асоси пурсиши хабарнигорон мегузарад, шомил шудааст. Инчунин аз тарафи ҳукумати кишвар бо диплому сипоснома ва ҷоизапулӣ қадрдонӣ шудааст. Дар ин баробар соли 2023 «Беҳтарин варзишгари Истаравшан» эътироф гардида, сазовори Ҷоми раиси шаҳри Истаравшан гардид.
Акмал Қодиров дар солҳои 2024-2025 низ чор медали тило, ду медал байни маълулон ва ду медали дигар байни солимон ба даст овард. Ӯ дар қатори варзишгароне қарор дорад, ки ҳар сол ба ватан медали тило меоранд.
Абдуғаффор ШОДИЕВ