sebiston july new
Варзишгар падарашро ҳам Ҳаҷ бурд
1223

Комроншоҳи Устопориён, варзишгари маъруфи тоҷик ҳамроҳи устодаш-падараш Усто Устопориён ба Ҳаҷ рафт. Дар ин бора худи ӯ бо нашри чанд акс дар саҳифаи “Инстаграм”-аш хабар дод.

Комроншоҳ ҳамчунин ҳамроҳ бо аксҳо як ғазали падараш Усто Устопориёнро дар бораи адои Ҳаҷ нашр кардааст.

Комроншоҳ 7 январи соли 1993 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд таваллуд шудааст. Дзюдочии маъруфи тоҷик қаҳрамони дукаратаи Осиё мебошад. Ӯ Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм кардааст. Варзишгар моҳи октябри соли 2015 дар мусобиқаи Гран-при дзюдо дар Тошканд ва баъдан дар Ҷоми кушоди Осиё дар Тайван 2015 медал ба даст овардааст. Ӯ моҳи майи соли 2015 дар чемпионати Осиё дар Кувайт медали биринҷӣ ба даст овардааст. Аз соли 2012 инҷониб, Комроншоҳ ҳар сол дар байни даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон ҷой мегирад.

Инчунин ӯ дар чемпионати Осиё оид ба дзюдо, ки 16 апрели соли 2016 дар Тошканд ба охир расид, тамоми рақибони худро дар вазни то 90 кг мағлуб кард ва медали тилло ба даст овард. Ҳамин тариқ, Комроншоҳи Устопириён аввалин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар таърихи дзюдои тоҷик қаҳрамони Осиё гардид.

Ӯ қаҳрамони дукаратаи Осиё дар риштаи дзюдо мебошад. Чемпионати Осиё дар ин намуди варзиши олимпӣ, ки аз соли 1966 гузаронида мешавад, варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқаҳо танҳо 14 медал ба даст овардаанд: 2 тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД