Sebiston new 2024 october
Валиҷон Азизов 40-сола шуд!
887


Валиҷони Азиз яке аз сарояндаҳои ҷавону хушовози кишвар аст, ки бо сурудҳои дилнишини худ ба дили ҳамагон роҳ пайдо кардааст.

Ин сароянда маҳбуб 02- декабри соли 1982 дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ таваллуд шудаст. Таҳсилоти ибтидоиро дар зогоҳаш, яъне деҳаи Сангистон гирифтааст.

Валиҷон аввалин қадамҳои худро дар ҷодаи санъат соли 2002 гузошта, тавонист бо суруду таронаҳои дилнишинаш дар як муддати кӯтоҳ мухлисони зиёд пайдо намояд.

Валиҷон оиладор ва соҳиби 5 фарзанд: 2 писар ва се духтар мебошад. Тавре ки худи сароянда зимни сӯҳбат бо мо гуфт, зодрӯзашро аксаран дар ҳалқаи аҳли оила бо падару модар, зану фарзандон ва дигар наздиконаш пешвоз мегирад.

Ёдовар мешавем, ки ин сарояндаи маҳбуб санаи 10-уми декабр соли 2022 соати 16:00 дар Кохи Суруш танти унвони “Бо ман бимон” консерт дорад.

Ин маҳфили зебои ҳунарӣ бахшида ба 20-солагии фаъолияти эҷодии Валиҷони Азиз барпо хоҳад гашт. Худи ҳунармнад дар як мусоҳибааш гуфтааст, ки дар ин консерт таронаҳои зиёде пешкаши мухлисон мегардад, ки мухлисон онро то ҳол нашунидаанд.

Валиҷон Азизов таронаи навашро бо номи “Бо ман бимон” дар ютубканали худ пешкаши мухлисони созу садояш гардонида буд.

Таронаи мазкурро дар муддати як моҳ зиёда аз 958 ҳазор нафар тамошо карда ба ҳунари волои ин сароянда аҳсану офарин хондаанд.

Мо Валиҷон Азизовро аз номи аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ сидқан ба зодрӯзаш муборакбод гуфта, бароят тани сиҳату умри дароз ва дар корҳои эҷодиаш бурдбориҳои нав ба навро таманно менамоем.

Умедворем, ки дар оянда Валиҷон боз ҳам бо сурудҳои дилнишини худ барои рушди санъати тоҷик саҳмӣ арзандаи худро мегузорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД