arzon replenishment
ВАКСИНАИ "СOVID-19" РОЙГОН АСТ!
933


Шурӯъ аз имрӯз ваксиназанӣ дар миёни шаҳрвандони аз синни 18 сола боло оғоз гардид. Дар ин маърака айни ҳол танҳо сонинони пойтахт- шаҳри Душанбе иштирок мекунанд.

Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст, бо мақсади пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории коронавируси навъи COVID-19 маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 дар миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло дар шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Аз дафтари матбуотии вазорат ба мо хабар доданд, ки ваксина ба ҳама шаҳрвандон комилан ройгон гзаронида мешавад. Шахсони синну солашон аз 18-сола боло, ки дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, метавонанд барои гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 ба марказҳои саломатии маҳалли зисти худ муроҷиат намоянд.

Мутахассисони соҳа таъкид мекунанд, ки ягона роҳи эмин мондан аз сирояти коронавируси нави COVID-19-ин гирифтани ваксинаи зидди бемории мазкур мебошад. Танҳо бо гирифтани ваксина ҳар яки мо метавонем худ ва наздиконамонро аз сироят ёфтан ба бемории мазкур эмин нигоҳ дорем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД