Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба ҳамтои русаш изҳорот ирсол намуд
160

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода дар робита ба қазияи куштори бераҳмонаи писарбачаи 10-солаи тоҷик Қобилҷон Алиев ба дасти як навраси миллатгарои рус дар минтақаи Оденсовои вилояти Маскав ба ҳамтои русаш Татяна Москалкова изҳорот ирсол намудааст.

Умед Бобозода дар номаи худ аз куштори кӯдаки тоҷик дар мактаби Русия изҳори нигаронӣ намуда, ин ҳодисаро қатъиян маҳкум кардааст.

“Ин ҳодисаи фоҷиабор ба пайвандони кӯдак андуҳи сангин овард ва дар ҷомеа нигаронии амиқ ба вуҷуд овард”,- таъкид намудааст дар изҳороти худ Умед Бобозода ва аз Татяна Москалкова хостааст, ки тафтишоти шаффоф ва одилонаи ин ҳодисаро таъмин намуда, гунаҳкорон тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

“Ҳифзи ҳаёт, амният ва ҳуқуқҳои кӯдакон бояд вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлат ва ҳар як муассисаи таълимӣ бошад. Ҳеҷ гуна шароит, камбудиҳои маъмурӣ ё саҳлангорӣ наметавонад хушунат ё беэътиноиро нисбат ба кӯдакон сафед кунад”,- навиштааст ваколатдор дар номааш.

Ёдрас мешавем, ки Қобилҷон Алиев рӯзи 16-уми декабр дар пайи ҳамлаи навраси 15-солаи миллатгаро Тимофей К. дар Одинсовои Маскав ба таври ваҳшиёна ба қатл раоснида шуд. Куштори ин кӯдаки бегуноҳ дар ҷомеа мавҷи нигарониҳоро ба миён овардааст.

Тибқи иттилои Кумитаи тафтишоти Русия, гумонбар боздошт шуда, барои содир намудани ҷиноятҳои вазнини куштор ва сӯйиқасд ба куштор нисбаташ бо моддаҳои 105 ва 30-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст ва тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД