Sebiston new 2024 october
Ваҳдат: Фоҷиаи талхи Муҳибуллои хурдакак
5337


Қиматтарин ганҷе, ки худованд ба инсон лоиқ мебинад, ин фарзанд аст. Чизе ба андозаи фарзанд барои одамизод азиз набуда, аз даст додани ҷигарбанд барои волидон аз марг ҳам вазнинтару дардноктар мебошад. Волидони Муҳиббуллои хурдакак имрӯз хун мегирянд ва садои нолаи ҷонгудозашон то ба арши аъзам мерасад, зеро беҳтарин ганҷинаи худ-писарчаи бо ҷону дил баробарашонро ба таври фоҷиавӣ аз даст доданд. Модари зор “во балам” гӯён, сарашро ба санги хоро зада, рӯю мӯяшро меканаду қомати падари фарзандгумкарда дар зери бори ғам шикаста, намедонад чи гуна оташи ҷигарсӯзи дарунашро хомӯш созад, тамоми пайвандон, хешу табор, ёру ошно барои Муҳиббуло зор-зор мегирянд, зеро ин тифли бегуноҳ ба тавр фоҷиавӣ аз олам гузашта, доғи абад дар дили азизонаш бигзошт...


Ин ҳодисаи нохуш як рӯз қабл, санаи 15-сентябр, соатҳои 10-30 сар зада, Муҳибуллои хурдсол зери чархи мошин монд.
Тавре ки дар хабари ВКД омадааст, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира» Муқимов Ваҳоб Воҳидович, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат аз ӯҳдаи идора кардани автомашина набармада, кӯдаки ноболиғ Муҳибулло Абдуллоевро пахш намудааст.

Дар натиҷа писарчаи 7-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД