Ба занозанӣ, дуздӣ ва авбошӣ барин амалҳои номатлуб даст задани ҷавонон пададаи нохуше мебошад, ки алайҳи он бояд тамоми ҷомеа мубориза барад. Занозании ду ҷавон дар шаҳри Ваҳдат боиси ҷароҳат бардоштани як бачаи ноболиғ гашт.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикисон аз содир шудани як ҷинояти кордзанӣ дар шаҳри Ваҳдат хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, як сокини 49-солаи ҷамоати деҳоти А. Абдулвосеъ ба ШВКД-и Ваҳдат бо ариза муроҷиат намуда, аз он шикоят кардааст, ки санаи 5-уми апрел, тахминан соатҳои ҳафти бегоҳ писари ноболиғи 17-солаашро “Лоиқ” ном шахс дар назди деҳаашон аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос лату кӯб намуда, бо корд 1-маротиба ба қисмати чапи поёни шикамаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида аз захми корд ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти А. Абдулвосеъи ҳамин шаҳрро дастгир намудаанд. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.