Дарвозабони мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Рустам Ятимов барои гирифтани корти сурх дар бозии рафиқона бо мунтахаби Афғонистон аз мухлисон узрхоҳӣ намуд.
Ӯ гуфтааст: “Аз ҳар нафаре, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе буд ва тариқи телевизион бозиро тамошо кард, барои худдорӣ накарданам узр мепурсам. Ба эҳсосот дода шудам, ин амал набояд рух медод. Дар утоқи либосивазкунӣ аз ҳамдастаҳоям ва ҳайати мураббиёни тими миллӣ узр пурсидам. Ваъда медиҳам, ки дигар такрор намешавад".
Ёдовар мешавем, ки дидори дӯстона миёни Тоҷикистону Афғонистон рӯзи 19-уми ноябр дар Душанбе сурат гирифт ва бо натиҷаи 3 бар 1 бо пирӯзии футболбозони тоҷик анҷом ёфт. Дар дақиқаи 39-уми ин бозӣ Рустам Ятимов пас аз ҷанҷол бо футболбозони кишвари ҳамсоя корти сурх гирифт ва аз майдон берун карда шуд.
Баъди ин қазия, Рустам наметавонад дар бозии дӯстонаи навбатии тими миллии Тоҷикистон интирок кунад.