Марде, ки навори латукӯби ҳамсараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буд, аз мардум узр пурсид.
Ҳамсари мард бошад, мегӯяд, ки ин ҳолат сохта (пранк) буд.
Чанде қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гашт, ки марде дар он навор занашро дашном дода, бо арматур мезанад. Яке аз наздикони ин зан шикоят карда буд, ки апаашро шавҳараш латукӯб карда, наворашро ба модараш равон мекардааст. Аз пушти дидани он наворҳо модараш бемор шудааст.