Донишҷӯи соли дуюми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров Фараҳманд Устопиров дар чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо байни ҷавонон (дар вазни 100 кг +) мақоми якумро касб намуд.
Бино ба иттилои маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ, чемпионати мазкур дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, дар маросими ифтитоҳи он раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ва варзишгарону ҷавонон иштирок намудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки мусобиқаи мазкур байни ҷавонони солҳои таваллуди 2004-2006 баргузор гардидааст.
- Маврид ба таъкид аст, ки ин чемпионат ба хотири таҳкими тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ, дарёфт намудани чеҳраҳои нави варзишӣ ва бо ин васила барои пайдо намудани роҳхат ба чемпионати ҷаҳон, ки аз 2 то 5-уми октябри соли ҷорӣ дар пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе бори аввал дар таърихи кишвар баргузор мегардад, доир гардид,- меафзояд манбаъ.
Хотиррасон менамоем, ки Фараҳманд Устопиров 6 карат Чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар Чемпионати ҷаҳон оид ба "казоккурайш" мақоми сеюмро ишғол намудааст.